Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафарро ба Федератсияи Россия доранд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиети гирифтани изи ангушт) мегузаранд.
ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ 115-УМИ ШУРОИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ
Рӯзҳои 26-28 ноябри соли 2024 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар ҷаласаи навбатии 115-уми Шурои Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), ки бо ташаббуси Мудири кулли СБМ дар шаҳри Женева баргузор гардид, иштирок намуд.
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ
“Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ, яъне Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид”.