«Модар барои ҳар як инсон азизтарин ва муқаддастарин шахс буда, маҳз бо меҳру муҳаббати ӯ насли солиму ватандӯст ба камол мерасад», — таъкид намудаанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Рӯзи Модарон яке аз ҷашнҳои пурифтихор ва самимитарини ҷомеаи мо ба шумор меравад. Ин рӯз на танҳо санаи идона, балки рӯзи арҷгузорӣ ба бузургтарин неъмати зиндагӣ — Модар мебошад. Зеро модар рамзи муҳаббат, покӣ, фидокорӣ ва сабру таҳаммул аст. Модар аввалин мураббӣ ва роҳнамои инсон дар зиндагӣ мебошад. Аз лаҳзаҳои нахустини ҳаёт тифл дар оғӯши гарми модар меҳру муҳаббат, ростқавлӣ ва инсондӯстиро меомӯзад. Сухани нарми модар, дуои неки ӯ ва заҳмати шабонарӯзиаш заминаи тарбияи шахсияти солим ва масъулиятшиносро фароҳам меорад.
Дар ҷомеаи имрӯза мақому манзалати зан — модар боз ҳам баландтар гардидааст. Модарон дар баробари тарбияи фарзанд дар пешрафти соҳаҳои гуногун—меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисодиёт саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо бо ақлу заковат, меҳнати содиқона ва масъулияти баланд дар ободии Ватан саҳм мегузоранд.
Қадршиносии модар бояд танҳо ба як рӯз маҳдуд нагардад. Эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба модар қарзи виҷдониву инсонӣ мебошад. Ҳар сухани нек, ҳар амали хайр ва ҳар лаҳзаи таваҷҷуҳ ба модар нишонаи фарҳанг ва инсонияти мост. Зеро модар чароғи хонадон ва сутуни устувори оила аст. Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи покӣ ва чароғи хонадон аст. Бо дуои некаш зиндагии мо баракат меёбад ва бо заҳмату меҳнати шабонарӯзиаш роҳҳои зиндагӣ барои мо ҳамвор мегарданд. Ҳар муваффақияте, ки ба даст меорем, самараи тарбия, сабр ва муҳаббати модар аст.
Имрӯз, дар ин рӯзи фархунда - Рӯзи Модар, ҳамчун як шаҳрванди ин диёри азиз бо эҳтироми бепоён сари таъзим фуруд меорам назди ҳамаи модарони азиз. Бигзор қалбашон ҳамеша аз шодӣ лабрез, рӯзгорашон пур аз нуру умед ва умрашон дарозу босаодат бошад. Модарон ҳастанд, ки ҷомеа пеш меравад, миллат обод мешавад ва фарзандон ба камол мерасанд. Пас, қадри модарро бояд на танҳо дар як рӯз, балки ҳар лаҳзаи зиндагӣ донист.
Рӯзи Модар муборак, модарони азиз!
Бобохонзода Сиёвуш Ғайрат-директори иҷроияи
“Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”