КОНСТИТУТСИЯ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, АДОЛАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Конститутсия санади асосии ҳар як давлат буда, пояи низоми сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунад. Он на танҳо маҷмӯи қонунҳои умумидавлатист, балки рамзи истиқлолият, адолат ва ваҳдати миллӣ мебошад.
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ҲАМАГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ”
Имрӯз санаи 31 октябри соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз” аз 19 июли соли 2022, №1890 баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумурии Тоҷикистон Нозимзода Баҳриддин, Маҷидзода Парвиз ва Икромова Зило
ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ 38-УМИ ШУРОИ МАШВАРАТИИ МЕҲНАТ, ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ
Санаи 30 октябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 38-уми Шурои машваратии меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, дар кори он муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод дар иштирок намуд.
ТАШРИФ БА ДАФТАРИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД
Рӯзи 28 октябри соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дафтари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ/МОМ) дар шаҳри Тошканд ташриф оварда, дар муаррифии СБМ оид ба масъалаҳои ҳаракати меҳнатӣ, танзими равандҳои муҳоҷират ва рушди малакаҳои касбии муҳоҷирон иштирок намуд.
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ СОЛЕҲА ХОЛМАҲМАДЗОДА БО ДИРЕКТОРИ БЮРОИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ (СБМ) БАРОИ КИШВАРҲОИ АВРУПОИ ШАРҚӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ МУҲТАРАМ МИХАИЛ ПУШКИН
Рӯзҳои 27 – 28 октябри соли 2025 дар доираи густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, муҳољират ва шуғл, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода бо Директори Бюрои Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ муҳтарам Михаил Пушкин зимни ташрифаш ба вазорат вохӯрӣ анҷо