Меҳнат

Меҳнат

Соли 2023 рушди нишондиҳандаҳои асосии сатҳи зиндагии аҳолӣ идома ёфта, музди миёнаи меҳнат ба ҳолати 1 майи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1905,83 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2022 - 257,71 сомонӣ (16 фоиз) ва ё нисбат ба аввали соли равон 117,03 сомонӣ 6,6 худ фоиз зиёд аст.

Музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 1719,77 сомонӣ, вилояти Суғд 1765,52 сомонӣ, вилояти Хатлон 1486,47 сомонӣ, шаҳри Душанбе 2709,33 сомонӣ ва ШНТҶ 1538,19 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра тибқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ як қатор корҳо анҷом дода шуда, зиёда аз 52 созишномаҳои соҳавӣ ва 17 созишномаи минтақавӣ байни корфармоён ва кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба ба имзо расонида шуд.

Ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар кишвар зиёда аз 33 ҳазор корхона, новобаста аз шакли моликият, фаъол буда, аз ин 18,9 ҳазор корхона ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективӣ доранд, ки 86,3 фоизи онҳо бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра, фармоиши муштараки вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Тартиб ва меъёрҳои намунавии ройгон додани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён” ба имзо расид.

Давоми нимсолаи  аввали соли 2023 фаъолияти 1192 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор гирифт, ки дар натиҷа 5 ҳазору 752 адад қонунвайронкунӣ ошкор шуд. Аз  шумораи умумии қонунвайронкуниҳо 2 ҳазору 831 ҳолат ба ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва 2 ҳазору 921 ҳолат ба муассисаҳои давлатӣ марбут аст. Дар натиҷаи ин санҷишҳо 25 млн. 106 ҳазор 177 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва ба фоидаи шаҳрвандон рӯёнида шуд. 

Барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 492 нафар роҳбарон ва дигар шахсони масъули корхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

 

 

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ