Дар Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Умарова Гулҷаҳон – сардори раёсати ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба "Шарҳи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 (қарори қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №167) ва таъмини баробарии гендерӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Умарова Гулҷаҳон қайд намуд, ки ҳадафи асосии Стратегия аз фароҳам овардани замина ва шароитҳои зарурӣ ва кофӣ барои ба пуррагӣ нишон додани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори давлат иборат мебошад.
Дар Тоҷикистон нисфи аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ноил гаштан ба рушди устувор дар кишвар бидуни бартараф намудани нобаробарии гендерӣ, васеъ намудани имкониятҳои занон барои истифодаи ҳуқуқҳои худ, таъмини баробарии гендерӣ, бартараф намудани сабабҳои асосии ҳуқуқмаҳдудкунии гендерӣ имконнопазир аст.
Ҳамзамон, доир ба рафти татбиқи Стратегияи мазкур ва натиҷаҳои бадастомада маълумот дода шуд. Зимни омӯзиши идоравӣ саволу ҷавоб сурат гирифт, иштирокдорон аз масъалаҳои матраҳгардида барои таҳким ва такмили донишҳои касбию сиёсӣ баҳравар гардиданд.