img
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ХОБГОҲИ ВАЗОРАТ ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани фасли баҳор ва ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хобгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиев 292) шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Сокинони хобгоҳ бо рӯҳияи баланд ба тоза намудани гирду атрофи бино, сабзпӯш кардани майдончаҳо ва омода намудани маҳалли зист ба айёми эҳёи табиат машғул шуданд.

 

Ин иқдоми созанда дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар сокинони мамлакатро ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даъват намуда буданд, роҳандозӣ гардид. Чунин бунёдкориҳо нишонаи возеҳи ҳамгироии шаҳрвандон дар татбиқи сиёсати ободонӣ ва созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

 

Масъулин таъкид доштанд, ки вусъати корҳои тозагиву хуррамгардонӣ на танҳо барои омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ, балки ҷиҳати ташаккули фарҳанги шаҳрдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои сокинони хобгоҳ нигаронида шудааст. Интизор меравад, ки чунин шанбегиҳои созанда то фарорасии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пайваста гузаронида шавад.

03.03.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ