МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ ШАРҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 5 ОКТЯБРИ СОЛИ 2009, №553 «ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
7 феврали соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи хонишҳои идоравӣ ҳамоиш оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” баргузор гардид.