Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ҳамсони ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз қабили Тиргону Меҳргон ва Сада моҳиятан фарогири масоили умдаи рӯзгори инсони соҳибмаърифату бофарҳанг, бунёду тақвиятбахшии ҷомеаи адолатпарвар ва шинохти мақоми волои инсон мебошад.
Олимону коршиносони ҷомеашинос бо такя ба устураҳои куҳан ба арсаи вуҷуд ворид шудани ин ҷашни куҳанро ба даврони Ҷамшеди донишманд нисбат медиҳанд. Аз нигоҳи онҳо, тибқи устураҳои қадим Ҷамшед як шахсест, ки аз соҳиби «фар» бархӯрдор будааст. Мафҳуми «фар» маънои дониш, биниш, рӯшноӣ, шукӯҳ ва қудратро дорад. Дар “Шоҳнома” он ҳамҷун ташаккулдиҳандаи меъёри зиндагии инсонӣ ва омили тақвиятбахши ҷаҳони зоҳирию ботинии инсон маънидод гардидааст. Имрӯз таҳти мафҳуми «фар» донишу биниш ва тафаккури созандаи инсон фаҳмида мешавад, ки тавассути он рӯзгори инсонӣ бонизому пурбаракат мегардад.
Дар ин радиф, метавон гуфт, ки ҳар кишвари дорои хирад ва тафаккури созанда қодир аст барои аҳли ҷомеаи худ кори басо хайрро анҷом диҳад. Аз ин лиҳоз, Наврӯзи бостонии бо хирад ва биниши воқеӣ сириштагардида ва то замони мо расида, дар ғанигардонии маърифат, биниш ва ҳувияти миллӣ нақши муаасир мегузорад.
Бо назардошти нақши созандаи Наврӯзи бостонӣ дар ҷомеаи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи эҳё, рушди устувор ва боло бурдани мақоми ҷашну маросими миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани он тадбирҳои воқеан ҳам таърихиеро татбиқ мекунанд. Маҳз бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат Наврӯз ҷашни давлатӣ, ҷашни мардумии ҷумҳурӣ ва ҷашни байналмилалӣ гардид.
Барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Дар ин ҷода низ саҳми Пешвои миллат бесобиқа аст. Ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат ва сарварони давлатҳои дӯсту бародар боис гардиданд, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз бо 76 унсури ғайримоддии худ ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд.
18 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳошияи моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон» - ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Мувофиқи ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳар сол дар рӯзи 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қарор қабул карда шуд.
Дар Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Иқдоми басе саривақтӣ ва ниҳоят муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи боз ҳам боло бурдани мақоми Наврӯз таъсис додани Маркази байналмилалии Наврӯз мебошад. Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» 16 декабри соли 2025 масъулини идораву корхонаҳои давлатиро муваззаф намуданд, ки маркази мазкурро таъсис диҳанд. Таъсиси марказ метавонад ба Наврӯз мақоми ниҳоди фарҳангӣ ва тамаддунӣ бахшад. Ҳамзамон, таъсис ёфтани Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ҳамчун воситаи воқеии ҳамкорӣ ва рамзи муттаҳидсозандаи тамаддуни башарӣ хизмат кунад.
Бо саъю эҳтимоми Сарвари дурандешу хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ наврӯзгоҳҳо бунёд гардидаанд. Дар кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаву ташкилотҳо, деҳаҳо, ноҳияҳову шаҳрҳо Наврӯзи бостониро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд.
Хурду бузурги тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Наврӯз бо як ҷаҳон хушнудиву хурсандӣ роҳи наврӯзгоҳҳоро пеш мегиранд ва шарики шодиву нишоти ҳамдигар мегарданд. Имрӯз ҳам расму оинҳои наврӯзии ниёгонамон, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин оростани дастархони наврӯзӣ, суманакпазиҳои бонувон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои фалаку Шашмақом, ҷуфтбарории деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавонон гиромӣ дошта мешаванд.
Ойини дигари Наврӯз, ки аз замонҳои хеле қадим то ба имрӯз расидааст, таҳкими дӯстиву таҳаммулпазирӣ ва оштикунонии қаҳриҳо мебошад. Дар суруду таронаҳо ва дубайтиҳои мардумӣ таъкид мегардад, ки дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳрию ногап бошад. Маъмулан ҳунармандон, сарояндагон ва базлагӯён дар байн даромада, шахсони ба ҳам қаҳриро оштӣ мекунонданд.
Дар айёми Наврӯз мусобиқаи паҳлавонон дар намудҳои гӯштингирӣ, аспдавонӣ, бандкашӣ, чавгонбозӣ расм шудааст. Мусобиқаи маъмултарини Наврӯзӣ гуштингирӣ буда, дар ҳама шаҳру деҳот барпо мегардад. Айёми Наврӯз хӯрокҳои анъанавии наврӯзии худро дорад. Хӯрокҳои наврӯзӣ асосан аз ғалладона - гандуми кӯфта, нахӯд, лӯбиё пухта мешаванд, бо чанд гиёҳи хуштамъ ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкӯча мепазанд. Хӯрокҳои гандумӣ рамзи фаровонии соли нав ва ғизои солимро ифода мекунанд.
Оростани хони наврӯзии «ҳафт син», аз суннати бостонии ниёгон аст. Ба хони «ҳафт син» 7 ашёи бо ҳарфи арабии «син», яъне «с» шуруъшаванда гузошта мешавад: сабза, сир, себ, суманак, санҷид, сипанд ва сирко. Ба хони «ҳафт шин» тибқи ақидаи олимон ҳафт неъмате гузошта мешудаанд, ки номи онҳо бо ҳарфи арабии «шин», яъне «ш» оғоз мегарданд: шир, шакар, шамъ, шароб, шарбат, шамшод ва шаҳд.
Дар айёми Наврӯз, ки ҷашни нуру сафост, аз тинати хеш дур кардани қудуроту адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар рисолати таърихии фолклори наврӯзӣ ҳисоб меёбад. Тибқи муҳтавои афкори наврӯзӣ гирифтани дуои хайри мӯйсафедон, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону ниёзмандон, обод кардани боғҳо, шинонидани ниҳолҳои самарабахшу сояафкан, тоза намудани муҳити атроф, кӯчаву гузар ва манзили зисти хеш аз оинҳои неки наврӯзӣ ҳастанд.
Намунаҳои дигари фоли неки наврӯзӣ дар боби ҷашни Наврӯз чунинанд:
- дар рӯзи аввали моҳи фарвардин либоси нав пӯшидан, сафар кардан, ҳадя бахшидан, пешкашҳо фиристодан, ба наздикон об пошидан савоб аст;
- ҳар фарди боадлу хирад бояд сухани нек ба забон биоварад, хуш бигӯяд, то Наврӯзи дигар саодатманд хоҳад буд;
- ҳар хонаводае, ки маҳалли зисташро офтоб бидиҳад, пок гардонад, либосу палос тоза кунад, аз ҷамъи бемориҳо раҳоӣ меёбад;
- ҳар касе падару модари хешро аёдат биравад, номи эшонро ба забон биёварад, бузургонро зиёрат кунад, аз бузургони роҳдур ёд намояд ва бар ниёишашон биафзояд, тамоми умр мавриди эҳтиром қарор хоҳад гирифт;
- ҳар бонуе субҳи Наврӯз чеҳраи хуб биорояд, либоси тоза ба бар кунад, ҳарфи хуш бигӯяд ва бо ханда ба оина бингарад, то Наврӯзи дигар хушбахт бошад;
- ҳар тане бӯи хуш бибӯяд, бадиҳо аз худ дур дорад, фоли нек бизанад, бадгӯӣ накунад, умраш дароз хоҳад буд;
- ҳар шахс дар бомдод пеш аз он, ки сухан гӯяд, шакар бичашад, сару тан бишӯяд, аз дарду балоҳо эмин хоҳад монд. Ҳамин тариқ, Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад. Наврӯз – ҷойи вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷойе, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, аз гузаштагон ёдоварӣ менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.
Моёншо Маҳмадбекзода - директори
МД Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ