img
ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БА МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО, КАСБОМӮЗӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 4-уми марти соли 2026 Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масато Канда дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар Марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода меҳмононро пазируфтанд. Ҷаноби Масато Кандаро Директори генералии Департаменти Осиёи марказӣ ва Ғарбии БОР хонум Лея Гутиеррес, Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакомото ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ карданд.

 

Зимни ташриф ба Маркази мазкур ҳайати меҳмонон бо синфхонаву устохонаҳои таълимӣ ва шароити дар он фароҳамшуда ва раванди дарсҳои амалӣ аз рӯйи ихтисосҳои “Роҳбалад”, “Андовачӣ”, “Кафшергари газию барқӣ”, “Механики барқӣ оид ба лифт”, “Барқчӣ оид ба қисмҳои барқии автомобил” аз наздик шинос шуда, бо таълимгирандагон суҳбат намуданд. Қайд гардид, ки касбҳои мазкур дар бозори меҳнат рақобатпазир буда, ҷиҳати бокортаъминшавии хатмкунандагон мусоидат карда мешавад. Ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар Маркази мазкур, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ – русӣ, англисӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Ҷаноби Канда зимни суҳбат бо касбомӯзон таассуроти неки худро аз ташриф ба Тоҷикистон иброз намуда, қайд кард, ки аз тамошои аз тамошои манзараҳои зебои Тоҷикистон ба ваҷд омадааст.  Ҳамчунин, ҷаноби Президент дар нармафзори кафшерӣ малакаҳои худро санҷида, бо таълимгирандагон дар устохонаи андовачӣ рақобат кард. Дар маҷмуъ, ҳайати меҳмонон аз ташриф ба Марказ изҳори қаноатмандӣ карда, ба таълимгирандагон дар омӯзиши касб комёбиҳо ва ба кормандони лоиҳаву марказ пешравиҳои беназир таманно намуданд.

05.03.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ