ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВИИ ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2026
Санаи 16 уми июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 16 уми июни соли 2026 дар Вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои давлатии низоми Вазорат бахшида ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Истиқлолият – рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” баргузор гардид.
РӮЗИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ ФАРОҒАТИИ “КУЛИ ҶАВОНОН”-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар боғҳои Пойтахт