img
ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ


Санаи 12 июни соли ҷорӣ дар доираи баргузории иҷлосияи 113-уми Конфронси байналмилалии меҳнат вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо директори генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират хонум Эми Поуп вохӯрӣ анҷом дод.  Ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо, ки аз соли 1992 инҷониб ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки дар ин муддат як қатор лоиҳаҳои муштарак дар самти танзими равандҳои муҳоҷират амалӣ карда шуданд.  Бо дастгирии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа – қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо таҳия шуда, ҳоло мавриди амал қарор доранд. 


Холмаҳмадзода Солеҳа аз қабули  Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, ботартиб ва мунтазам дар соли 2018 ва ҳамроҳшавӣ ба Шабакаи глобалии сиёсат ва стратегияи муҳоҷират дар соли 2024 ёдовар шуда, қайд намуд, ки ин иқдомҳо ба вазорат  имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи худро дар самти танзими равандҳои муҳоҷират таҳким бахшад.  Бо дастгирии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Хатти Оҷилӣ ташкил карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, қонунгузорӣ, фарҳанг ва забони давлатҳои қабулкунанда, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат менамояд.


Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро муайян ва барои фаъолияти муштарак таклифҳо пешниҳод намуданд. Бахусус оид ба тақвияти ҳамкориҳо доир ба гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, мусоидат дар кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, таҳкими ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати экологӣ ва дохилӣ, таъмини реинтегратсияи самарабахши муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта изҳори умедворӣ карданд.

13.06.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ