img
ВОХӮРИИ ВАЗИР БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Санаи 30 апрели соли 2026 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳа Холмаҳмадзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ирфон Аҳмад ва муовини сафир Резвон Гулро ба ҳузур пазируфт.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии робитаҳои судманд ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарияти олии ҳарду кишвар ва сафарҳои сатҳи баланд пайваста рушд ёфта, самтҳои гуногуни ҳамкориҳоро фаро гирифтаанд. Фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, ҳамчун яке аз абзорҳои калидии таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

 

Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои байниидоравӣ, бахусус миёни ниҳодҳои марбут ба соҳаи меҳнат, дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар оғози соли 2026, ҷониби Покистон лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнатро пешниҳод намудааст. Лоиҳаи мазкур самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла мусоидат ба ҷалби қувваҳои корӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати ҳарду кишвар, мубодилаи таҷриба, такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин ҳамкорӣ дар бахшҳои назорати меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи саломатӣ дар ҷойи корро дар бар мегирад.

 

Бо дарназардошти рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии низоми Вазорат бо ҷалби мутахассисони Покистон дар соҳаҳои нассоҷӣ, коркарди чарм ва дигар бахшҳои саноатӣ, инчунин ҷалби сармоягузориро барои таъсиси корхонаҳои хурду миёна (сехҳои хурд барои коркарди пахта, пашм, чарм ва тайёр кардани шарбат аз маҳсулоти кишоварзӣ) дар заминаи МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва филиалҳои он, дар марказҳои муосири касбомӯзӣ ва хизматрасонї мувофиқи мақсад дониста шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.

01.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ