Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 апрели соли ҷорӣ дар доираи иштирок дар аксияи умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман”, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст, шанбегии умумӣ ташкил карда шуда, кормандон дохил, саҳн ва гирду атрофи бинои вазорат, ҷӯйборҳо майдончаи варзишӣ ва роҳравҳоро тозаву озода карданд.