img
БОЗДИД АЗ ХОБГОҲИ ВАЗОРАТ ВА ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ НАВРӮЗӢ

Санаи 12 апрели соли ҷорӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳамроҳии муовини якуми вазир Каримзода Н. ва роҳбарияти сохторҳои вазорат дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардидани соли ҷорӣ ба хобгоҳи вазорат ташриф оварда, бо шароити зисту зиндагонии сокинон шинос  ва дар чорабинии наврӯзӣ иштирок карданд.

 

Дар ибтидои чорабинӣ Солеҳа Холмаҳмадзода истиқоматкунандагони хобгоҳро ба Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламфурӯз табрику таҳният гуфта, саҳми фаъоли онҳоро дар корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонии ин гӯшаи пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе арзанда арзёбӣ намуд.

 

Зимни суҳбати самимӣ вазир ба бошандагон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани бинои хобгоҳ ва атрофи он, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ пешвоз гирифтани ҷашни муқаддасу миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Сокинони хобгоҳ бо риояи суннатҳои миллӣ бамзгоҳ ва дастархони наврӯзӣ ороста, Иди байналмилалии Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ, рақсу бозиҳои ҷолиб ва гуштингирӣ таҷлил намуданд. Инчунин дар доираи омодагиҳо ҷиҳати сабзу хуррамгардонии саҳн ва атрофи бино корҳои мушаххас анҷом дода шуда, корҳои таъмирӣ ба нақша гирифта шудаанд.

 

Раиси хобгоҳ Аслам Раҳимов вобаста ба ин иброз дошт, ки дар нақша аст, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро низ бо шаҳомати хос таҷлил намоянд. Айни замон тамоми кӯшишҳо ба пешвози сазовору шоистаи ин санаи таърихӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ равона шудааст.

 

13.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ