img
НАҚШИ МАРКАЗҲОИ РУШДИ МАЛАКАҲО ВА КАСБОМӮЗИВУ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ОМОДАКУНИИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

Омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯй будани онҳо ба талаботи бозори меҳнат, яке аз масоили мубрам маҳсуб мешавад. Зеро дар баробари рушди босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷорӣ гардидани технологияҳои нави муосир, зарурати ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии касбомӯзӣ ба миён меояд.

 

Файласуфи шинохтаи амрикоӣ Джон Дю таъкид намуда буд, ки “Агар мо таълими имрӯзаро мисли таълими дирӯза ба роҳ монем, пас мо фардои таълими фарзандони худро зери суол мегузорем”. Зарурат ва моҳияти ин масоил пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ҷаҳон пайваста тағйир меёбад ва низоми маориф низ аз он мебояд сари вақт пайравї намояд. Дар баробари рушд ёфтани илм ва технологияи муосир, тарзу усули кор низ такмил ёфта, талаботро ба касбҳои нав ба миён меорад. Бо пайдо гардидани касбҳои нав, дар низоми маориф омода намудани саривақтии барномаҳои таълимии касбӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро имрӯз кофармо ба он коргароне ниёз дорад, ки дорои салоҳияти нави касбӣ бошанд.  Маврид ба қайд аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони салоҳиятнок ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ диққати махсус дода мешавад.

 

Маҳз бо назардошти муҳимии ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои  таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои муосир ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон вазифадор намуданд.

 

Фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонон ба касбомӯзӣ яке аз афзалиятҳои асосии ҳукумат буда, бо назардошти ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастї бо шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалї кӯшиш дорад, ки мутобиқи талаботи бозори меҳнат мутахасисони салоҳиятнокро омода намояд.

 

Дар ин ҷода махсусан нақши лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъмин­шавӣ” басо назаррас мебошад. Зеро вазорат бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд дар соли 2024 се маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе (соҳаи сайёҳї ва хизматрасонї), шаҳри Роғун (соҳаи энергетика), ноҳияи Данғара (соҳаи кишоварзӣ) ва се маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ таъсис дод. Яке аз ҳадафҳои асосии марказҳо ҷалб намудани ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба касбомӯзӣ, беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъмин­ша­вии онҳо мебошад.

 

Дар марказҳо чунин хизматрасониҳо пешниҳод карда шудаанд:

- омӯзиш аз рӯйи касбҳо;

- машварат оид ба кортаъминшавӣ;

- машварат пеш аз сафар (муҳоҷирати меҳнатӣ).

 

Бояд тавзеҳ дод, ки касбомӯзиву хизматрасонӣ дар марказҳо ройгон аст. Марказҳои рушди малакаҳои шаҳрҳои Роғун, Душанбе ва ноҳияи Данғара дорои хобгоҳ буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, буду бош дар он барои касбомӯзон ройгон мебошад. Инчунин, барои заноне, ки соҳиби шаҳодатнома аз рӯйи касбҳои ғайрианъанавӣ гардидаанд, стипендия ба андозаи 120 доллари ИМА пардохт карда мешавад. Дар марказ ҷиҳати  ҳавасманд намудани занони таълимгиранда, ки кӯдаки хурдсол доранд, барои нигоҳубини кӯдакон, бо мақсади иштироки онҳо дар раванди касбомӯзӣ, шароит фароҳам оварда шудааст.

 

Дар марказҳо таълими касбомӯзӣ дар асоси Стандарти салоҳиятҳо ба роҳ монда шуда, мутобиқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат» (аз 29 январи соли 2021, №1716) ва  бозори меҳнати ҷаҳонӣ мебошад. Тибқи муқаррароти моддаи 12-и қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб”-ҳо омода гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25  октябри соли 2022, № 512 ба тасвиб расид. Марказҳои рушди малакаҳо ва касбомӯзиву хизматрасонӣ бо таҷҳизоти замонавии дарсию амалӣ таъмин карда шуда, омӯзиши касбҳои коргарӣ аз рӯи 18 касб бо забонҳои давлатӣ, русӣ, англисиву кореягӣ дар синфхонаҳои махсус ба роҳ монда шудааст.

 

Омӯзиш дар марказҳо аз 2 ҳафта то 3 моҳро аз рӯйи касбҳои зерин дар бар мегирад:

- Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд (барқчӣ, челонгар (техники санитарӣ), барқчӣ, андовачӣ, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ);

- Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара (таъмиргари асбобҳои рӯзгор, коргари коркарди меваю сабзавот, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, сабзавоткор, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, васлгари таҷҳизоти барқии офотобӣ);

- Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Роғун (таъмиргари асбобҳои рӯзгор, усто оид ба хизматрасонии ҳисобгиракҳои барқӣ, васлгари хатҳои ҳавоии интиқоли барқ, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ);

- Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ (барқчӣ, кафшегар, челонгар (техникї-санитарӣ), андовачӣ, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ);

- Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар (барқчӣ, челонгар (техники санитарӣ), барқчӣ, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ).

Вазифаи асосии марказҳо:

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корфармоён дар раванди таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, барномаҳои таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ;

 - ҷалби корфармоён дар раванди баҳодиҳии сифати таълим;

- бокортаъмин­ку­нии хатмкунандагон баъди хатми марказ аз рӯи касб;

- омода намудани коргарони ботахассус ва васеъ намудани иқтидори пояи моддию техникии марказ;

- ташкили валидатсияи салоҳиятҳои касбӣ бо иштироки коршиносони соҳавӣ;

- ба роҳ мондани раванди объективии сертификатсияи тахассусҳо.

 

Методистон ва омӯзгорони марказҳои рушди малакаҳо ва касбомӯзиву хизматрасонӣ тибқи банди 3-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, № 512 дар бораи “Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб” дар ҳамдастӣ бо якчанд корфармоён (коршиносон) стандарти салоҳияти ҳар як касбро омода намуда, барои тасдиқнамоӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

 

Қобили тазаккур аст, ки баъд аз итмом расидани касбомӯзӣ баҳодӣ дар марказ аз ҷониби корфармоён ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ дар асоси нақшаи баҳодиҳӣ амалӣ карда мешавад. Масъалаи ҷалб намудани шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва мусоидат намудан барои пайдо кардани кор, баъд аз хатми марказ тибқи дастурамали вазифавӣ ба салоҳияти мушовирони бозори меҳнат ва шуғли аҳолии марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Данғара вогузор шудааст. Инчунин, машварат пеш аз сафар дар марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонии шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва ноҳияи Восеъ ба уҳдаи машваратчӣ оид ба ҳуқуқ ва масъалаи ҷалбкунии шаҳрвандон барои гирифтани машварат ба салоҳияти фасилитаторон вогузор мебошад.

 

Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушди ҷомеа ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагонии мардум маҳз тавассути аз худ намудани касбу ҳунарҳо ба ба даст меояд. Аз ин рӯ, зарур аст шавқу рағбати насли ҷавонони имрӯзаро аз овони наврасӣ (синфҳои 10-11) ба касбомӯзӣ ва донишандӯзӣ бедор намуд. Дар ин ҷода нақши омӯзгорон хеле назаррас буда, маҳз бо ҳидояти онҳо метавон майлу хоҳиш, қобилият ва шавқу ҳаваси таълимгирандаро нисбат ба касбу ҳунар ва донишу маҳорат бедор сохт.   Бо назардошти ин марказҳои рушди малакаҳо ва касбомӯзиву хизматрасонӣ тасмим гирифтааст, ки чунин мутахассисони салоҳиятнокеро омода намояд, ки ба талаботи корфармо ҷавобгӯй буда, ҷомеаи имрӯзаро бо маҳсули кории худ қонеъ карда тавонад.

 

 

Фирдавс НАСРИДДИНОВ,

 мушовири Лоиҳаи

       “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ

   ва имкониятҳои бокортаъмин­шавӣ”

                   оид ба бозори меҳнат                                           

10.09.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ