ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Имрӯз чун анъана, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсилро бо Дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд, оғоз намуданд. Роҳбарият ва кормандони масъули вазорат дар чорабинии Рӯзи Дониш дар литсейҳои касбии техники
Паёми табрикии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ бахшида ба оғози соли нави таҳсили 2022 - 2023 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Паёми табрикии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ бахшида ба оғози соли нави таҳсили 2022 - 2023 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Устодони муҳтарам, шогирдон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ!
СОХТМОНИ БИНОИ ЛИТСЕЙҲО ДАР ҚУБОДИЁН, ФАРХОР ВА ПАНҶ
Фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил тариқи бунёду азнавсозии иншоот, таъмири асосӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир яке аз ҳадафҳои нақшавии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат доир ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ сарчашма мегирад
Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Имрӯз, 25 августи соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳлии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ баргузор гардид.
Нақши мақомоти шуғли аҳолӣ дар роҳнамоии касбии шаҳрвандони бекор
Имрӯз дар дунё беш аз 40 ҳазор намуди касбҳо мавҷуданд. Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи бозори меҳнат ва пешравии ҷомеа 500 намуди касб аз байн рафта, ҳамзамон зиёда аз он касбҳои наву ҷавобгӯи талаботи давру замон ба миён меоянд.