МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ДЕҲАИ РОҲИ НАВИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТАХТИ САНГИН
Дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд, бахусус кӯдакон ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёфта, самараи нек ба бор меорад.
БАРРАСИИ ҶАНБАҲОИ КОНСЕПТУАЛӢ ВА АСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ-МЕТОДОЛОГИИ ТАШАККУЛИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 28 октябри соли равон дар МД “Китобхонаи миллӣ” Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ “Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии ташаккули шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки роҳбарияти вазорат ва сохторҳои он, намояндагони Бонки Рушди Осиё, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Хазинаи Созмони Миллали Мутаҳид оид ба нуфузи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таҳқ
Ҳамкориҳои дуҷониба густариш меёбанд
Имрӯз, 20 октябри соли ҷорӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ализода ҳайати роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар (ТИКА) Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Эрбирро ба ҳузур пазируфта, барои дастгирӣ ва саҳми арзандаи ТИКА дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон изҳори миннатдорӣ намуд.
Иҷрои муқаррароти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»
Мусаллам аст, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ КВДФ «ХАДАМОТИ ШИНОСНОМА ВА РАВОДИД»-И ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Имрӯз, 19 октябри соли 2022 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Нодирӣ Ш.А. бо мақсади ба роҳандозии ҳамкорӣ ҷиҳати баррасии имкониятҳои таъсиси намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид» -и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ баргузор гардид.