ҶАЛАСАИ САЙЁР ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Имрӯз, 30 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғафор Раҳмонзода бо иштироки муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат ҷаласаи сайёр оид ба масъалаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 дек
ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.
БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МЕЪЁРБАНДИИ МЕҲНАТ ДАР ДАВЛАТҲО - АЪЗОИ ИДМ: МУШКИЛОТ ВА ЗАРУРАТИ ТАКМИЛ
25 ноябри соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва Кумитаи иҷроияи ИДМ Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои аъзои ИДМ: проблемаҳо ва зарурати такмил» баргузор гардид.
БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ШУҒЛИ АҲОЛИИ ШАҲРИ ОСТОНА, МАРКАЗИ РУШДИ ЗАХИРАҲОИ МЕҲНАТИИ ҚАЗОҚИСТОН ВА КОЛЛЕҶИ ХУРОКИ УМУМӢ ВА ХИЗМАТИ ШАҲРИ ОСТОНА
22 ноябри соли ҷорӣ ҳайати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, аз маркази шуғли аҳолии шаҳри Остона, маркази рушди захираҳои меҳнатии Қазоқистон ва коллеҷи хуроки умумӣ ва хизмати шаҳри Остона дидан намуданд.
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ ЛОИҲАИ МИНТАҚАВИИ DARYA
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронси лоиҳаи минтақавии DARYA, ки ташаббускори он Хазинаи аврупоии омӯзиш мебошад, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия намояндагӣ намуданд. Конфронси мазкур нимаи дуюми рузи 22 ноябри соли ҷорӣ оғоз шуда, нахуст намояндаи Иттиҳоди Аврупо, вазо
Баргузории машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Идеологияи миллӣ воситаи мубориза бар зидди идеологияи терроризм ва экстремизм”
Имрӯз, 22 ноябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин коршинос аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Идеологияи миллӣ воситаи мубориза бар зидди идеологияи терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.
БАРРАСИИ ТАҲИЯИ БАРНОМАИ РАҚАМИИ БАҚАЙДГИРИИ БЕКОРОН
Имрӯз, 21 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, ширкати Дониш-Софт, роҳбарият ва кормандони масъули вазорат муҳокимаи лоиҳаи Барномаи рақамии бақайдгирии бекорон баргузор гардид.