ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БА ШИРКАТИ АТРИЁТИ “JIZAN PERFUMES LLC”-И ДУБАЙ
Имрӯз, 23 июни соли равон мулоқоти маҷозии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт.
Татбиқи лоиҳаи ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар ҷанубу шарқ ва ҷануби осиё, инчунин осиёи марказӣ натиҷагирӣ шуд
Имрӯз, 15 июни соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи марказӣ баргузор гардид.
Шарҳи вазъи бозори меҳнат дар Тоҷикистон
Имрӯз, 14 июни соли равон ҳамоиш дар мавзуи «Шарҳи вазъи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, ҳайати коршиносони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Фонди Таҳсилоти Аврупо, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, масъулини вазорат ва олимони МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» баргузор гардид.
Фаъолияти ташкилоти ибтидоии “меҳнат” дар соли ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ шуд.
Дирӯз, 13 июни соли ҷорӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ мухтарам Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Зарина Файзулло ва аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд.
Китоби «тоҷикон» воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри «Тоҷикон»-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳо медиҳанд: «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сӣ солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.