img
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲА ХОЛМАҲМАДЗОДА БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ШИРКАТИ “ҶУСУР-И ” ДАВЛАТИ ҚАТАР МУҲАНДИС АБДУЛҲОДИ БАХИТ БАРҚАН

26 январи соли 2026 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо  директори генералии ширкати “Ҷусур”-и Давлати Қатар муҳандис Абдулҳоди Бахит Барқан, ки бо мақсади баргузор намудани Намоиши таъмини шуғли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

 

Зимни мулоқот Солеҳа Холмаҳмадзода аз муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қатар, оғоз ёфтани марҳилаҳои нави ҳамкорӣ ва фароҳам овардани заминаи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи сафарҳои расмии сарони давлатҳои ҳарду кишвар маълумот дода, аз корҳои анҷомдодашуда дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар» аз 3 феврали соли 2019, ки муқаррароти он масъалаҳои омодасозӣ ва сафарбаркунии қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатарро танзим менамояд, изҳори қаноатмандӣ намуд. 

 

Инчунин, қайд гардид, ки ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва ширкати “Ҷусур”-и Давлати  Қатари аз 15 майи соли 2023 оғоз ёфта, сафарбарсозии шаҳрвандон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ тавассути платформаи электронии www.tawzeef.qa ба роҳ монда шудааст.

 

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои назарраси мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуён - шаҳрвандони кишвар, ки 25 январ дар меҳмонхонаи Crowne Plazza баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати  фаро гирифтани теъдоди бештари шаҳрвандон дар мусоҳибаҳои пешбинишудаи рўзҳои 25-27 январ ва бо ҷойҳои кории муносиб таъмин намудани интихобшудагон умедворӣ намуданд. 

 

Ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъдаи  мутақобилан судманд ибрози назар намуда, барои расидан умедвор аст, ки сафари мазкур ва музокироти баргузоршаванда ба натиҷаҳои мушаххас ва пойдор мусоидат хоҳанд намуд. Тавре маълум аст, дар натиҷаи мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуён, ки дирўз дар меҳмонхонаи Crowne Plazza баргузор гардид, 800 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз ин шумора 186 нафар қабул гардида, мавқеи 230 нафари дигар муайян карда мешавад.

 

Умедворем, ки дар чорабиниҳои се рӯзаи пешбинигардида, теъдоди бештари шаҳрвандон ба мусоҳиба фаро гирифта шуда, дар Давлати Қатар бо ҷойҳои кории муносиб ва маоши баланд таъмин мегарданд. Дар фарҷоми мулоқот Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода бо арзи эҳтиром ташрифи меҳмононро ба вазорат имкони фароҳам ба корҷуён муҳим арзёбӣ намуд.

27.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ