ҶАСОРАТУ ЗАКОВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон зимоми давлатдорӣ ба зиммаи шахсиятҳое меафтад, ки маҳз бо хираду тафаккур ва хислатҳои дар худ дошта, давлатҳоро идора мекунанд. Вақте ба таҷрибаи давлатдории давлатҳои тавоно назар мекунем маълум мегардад, ки омили калидии муваффақиятҳояшон маҳз сиёсати сулҳофарию ваҳдатгароӣ ва тинҷию осоиш инчунин сарҷамъии миллат маҳсуб меёбад. Дар низоми давлатдорӣ барои халқияту миллатҳо муҳимтарин неъмат ин ваҳдат, субот, сарҷамъӣ, ягонагӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ мебошад.
Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик ба роҳбаре ниёз дошт, ки тавассути хирад, ҷасорату заковати хеш тавонад дар ҳолати душвор хислатҳои наҷибу созанда, ваҳдатгароию сулҳофарӣ, таҳаммулпазироӣ, инсондустӣ ва сарҷамъии миллатро дошта бошад.
Маҳз Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 – уми ноябри соли 1992 доир гардид, ба майдони сиёсат ва мардуми кишвар фарзанди фарзонаи хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуд, ки меросбари шоистаи ориёиҳои тамаддунофар буда, ҷонибдорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ менамояд. Ба қудрати сиёсӣ расидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот кард, ки дар лаҳзаҳои ҳасосу сарнавиштсоз модари тоҷик фарзандони нодири хешро баҳри наҷоти миллат ҳадя менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми сиёсату давлатдориро ба даст гирифт, ки миллат ба мушкилоти бисёр вазнин рӯ ба рӯ гардида буд. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои тоҷикон миллати ба таназзул рӯ овардаро мешинохтанд. Давлати тоҷикон дар ҳоли аз байн рафтан ва миллат дар ҳоли нестӣ қарор доштанд. Гурезаҳо, вазъи ноороми сиёсӣ ва иқтисодӣ, куштори бародар аз ҷониби бародар, сабаби ба ҷанги таҳмилӣ гирифтор шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
Дар чунин марҳилаи тақдирсоз хиёнат ва мансабхоҳии баъзе аз ҳаммилатон, фарзандони нохалаф сабаб шуд, ки тамоми миллат ба нооромию парокандагӣ мубаддал гардад. Бинобар ин, дар чунин вазъи барои миллат ҳассос сарвари ҷасур, дурандеш ва хирадманде лозим буд, ки омили баратарф намудани буҳрон ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардад. Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин давраи тақдирсоз аз миёни мардум – вакили мардумӣ бо ҷасорат ва хирад зимоми сиёсатро ба даст гирифта, ба тамоми миллати пароканда, ноумед ва дар вартаи фалокат қарордошта ваъда доданд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам», «То охирон гурезаро ба Ватан барнагардонам ман худро ором эҳсосо намекунам». Ин паёмҳо барои тамоми ҷомеа, махсусан мардуми азияткашидаи тоҷик, ки ташнаи сулҳу субот буданд, як пайки нишоту умедворӣ буд.
Новобаста аз таҳдидҳои душманони дохилӣ ва хориҷӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдорӣ ва сиёсатро ба хотири наҷоти давлату миллат ба даст гирифта, бо ҷасорат ва хиради азалии хеш тавонистанд, ки корномаи бемислу нодире дар таърихи навини башар нишон диҳанд. Таърихи башарият чунин корнамоиҳоро бо чунин паёмади бузург тасаввур ва мушоҳида карда наметавонист. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз ҷиҳати расидан ба сулҳу субот дар кишвар ҳолатҳое мавҷуд буданд, ки ҳалли онҳо дар он давра имконнопазир буд.
Аввалан мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки бо давлати дигари ба моҷарои сиёсӣ гирифторшуда хамсархад ташвишовар буду дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои геополотикӣ ва геостратегӣ қарор дошт. Баъд аз барҳам хурдани давлати Шуравӣ таваҷҷуҳи давлатҳои қудратманд маҳз ба Осиёи Марказӣ равона шуда буд, ки мехостанд аз фазои холӣ самаранок истифода намоянд. Яъне бар ивази шуравӣ ворид ва ба даст гирифтани минтақа ҳадафи аввалин буд. Омили дувум ин сатҳи худшиносӣ ва мафкураи миллии ҷомеа ба ҳисоб мерафт, ки дар натиҷаи сиёсати низоми собиқ (шуравӣ) хеле коста шуда буд. Аксари қишрҳои ҷомеа арзишҳои миллӣ ва махсусан манфиатҳои миллиро дарк намекарданд.
То кадом андоза муҳим будани истиқлол ва ҳамбастагии миллӣ мутаассифона аз ҷониби ҳама қишрҳои ҷомеа дарк нагардида буд. Ҳамчунин, мафкураи сотсиалистӣ аз як ҷониб ва динӣ аз ҷониби дигар раванди ба ҳам омадан ва таҳкими ҷомеаро халалдор месохт. Дар маҷмуъ, қисми хеле ками ҷомеа раванди мазкурро дарк намуда буданд ва дар ин ҳолати душвор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намуданд, ки на сотсиализм ва на низоми динӣ наметавонад миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот бахшад, баръакс ин омилҳо вазъро боз ҳам мураккабтар менамоянд. Бо дарназардошти ин, баъд аз интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ Сарвари давлат хитоб намуданд, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардидани Тоҷикистон мебошанд.
Хидмати бузурги Пешвои миллат дар назди миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар он аст, ки дар шароити ҳассос ва мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ давлати тоҷикон ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва барҳамхӯрӣ ҳифз кард. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон ва наҷотбахши давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
Маҳз шахсияти ин абармарди сиёсат дар баробари фитнаҳои душманони миллат, ки дар марҳалаҳои мухталифи таърихӣ тоҷиконро борҳо ба гирдоби хун кашида буд, қодир ба истодагарӣ карданд. Фақат ва фақат иродаи қавӣ ва ҷуръати инсонию миллӣ, заковати инсонгариаш, ки бори вазнини эъмори давлатро ба дӯш гирифта буд, тавонист ин қаҳрамонӣ нишон диҳад. Танҳо ҳамин далел басанда аст, ки ҳеҷ кадом аз шахсиятҳои барҷастаи давлативу ҳизбӣ дар он лаҳзаи мураккаб ҷуръат намекарданд, ки бори гарони масъулияти роҳбарии мамлакатро ба душ гиранд.
Баръакс, аксари ашхоси таҷрибадор аз ишғоли вазифаҳои пешниҳодкардаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худдорӣ мекарданду мавқеи интизориро ихтиёр намуда буданд. Вазъи мураккаби мавҷуда дар кишвар сарвари навинтихобро ба хулосае овард, ки аввалан якпорчагии мамлакатро таъмин ва баъдан дар ин замина роҳи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро пеш гирад. Сарвари давлат вазифаи муҳимтарини худро дар он медид, ки ҳуввияти бар асари ҷангу хунрезӣ ва парокандагии ақидавии мардумро ба ҳолати муътадил бозгардонаду ваҳдату пайванди пойдории тамоми қишрҳои ҷомеаро ба вуҷуд биёрад. Ин замоне буд, ки сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва вазъ дар кишвар дар ҳолати ногувори идора буданд.
Дар чунин вазъи мураккаб муҳимтарин вазифаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои ногувори буҳрони сиёсӣ ва устувор намудани пояҳои давлати соҳибистиқлол, пиёдасозии барномаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона буд. Муҳимтарин механизми амалӣ гардидани ин барнома қабули Конститутсияи кишвар маҳсуб меёфт, ки он стратегияи рушди дурнамои Тоҷикистонро дар тамоми самтҳо муайян мекард. Эътимоди ҷомеаро нисбат ба сиёсати Ҳукумат маҳз Конститутсия таҳким бахшида, заминаи ба ҳам омадани миллатро гузошт. Махсусан, ҳалли мушкилоти иҷтимоии муҳоҷирони иҷборӣ, ки ба кишварҳои ҳамҷавор дар натиҷаи саршавии ҷанги шаҳрвандӣ паноҳ бурда буданд, аз сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат вобастагии зиёд дошт.
Дар ҳеҷ давру замон ҳукумате ва ё сарвари давлате барои баргардонидани муҳоҷирони иҷбории худ талоше накардааст. Вале аввалин кори Сарвари давлати Тоҷикистон аз сулҳ оғоз шуда, яке аз роҳҳои таҳкими сулҳ ва суботро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ медид. Аксаран муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон қарор доштанд, ки вазъи сиёсии ин кишвар ҳам бисёр муташаниҷ буд. Аҳволи ин муҳоҷирон бошад бисёр мураккаб гардида буд.
Миллати тоҷик ба соҳиби аслии худ ниёз дошт, ки онҳоро ба ватани хеш баргардонаду ба зиндагии осоишта ва оромона таъмин намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати бузурги таърихиро дар назди миллати тоҷик бошарафона иҷро карда, дар муддати кутоҳ аксарияти онҳоро ба Ватан баргардонид.
Тоҷикистон ба як таҳаввулоти бузурге зарурат дошт, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан силоҳдору бесилоҳ, гурезагону дар Ватан будагон, зиёиёну мардуми оддӣ тавонанд бе таҳдид дар рушди кишвар саҳм дошта бошанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ин маънои бахшиши гурӯҳҳои саркардаи ҷангро дошт. Сарвари давлат ба хотири мондагории миллату давлат ва якпорчагии Ватан такрор ба такрор аз иштирокчиёни мухолифатҳо ва гуруҳҳои даргир бо мақсади аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан ва ба зиндагии шоиста қадам мондан, даъват мекард.
Ин сиёсати ҳукумат ва ташаббусҳои хирадмадонаи Сарвари давлат боварӣ ва эътимоди аксариятро зиёд намуд. Тоҷикистон новобаста аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва муноқишаҳои шадиди мусаллаҳона дар сарҳад ва минтақаҳои наздисарҳадӣ, фишори сиёсии қувваҳои оштинопазирро ба амалӣ кардани ислоҳотҳои сиёсиву иқтисодӣ идома медод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба меъёрҳои Конститутсия, ки инъикоскунандаи иродаи халқ ба ҳисоб меравад, дар роҳи танзими вазъи сиёсиву иҷтимоӣ чораҳои саривақтӣ анҷом дод. Сарвари давлат муваффақ гардид, ки дар радифи устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, махсусан ташкили мубориза бо ҷинояткорӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқиро идома бахшида, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонаду сулҳу ваҳдати миллиро, ки кафили мондагории миллат ва истиқлоли давлат мебошад, пойдору устувор намояд.
Пешвои миллат ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои сари ҳокимият омадан, изҳор доштанд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор гардидани сулҳу субот равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона хизмат намоям». Ба аҳди худ вафо карда, тавонистанд, ки бо тадбирҷӯиҳо ва талошҳои хастанопазир дар як марҳилаи кутоҳ давлату миллатро аз вартаи нестшавӣ раҳо созанд.
Ба мардум сулҳ оваранд, ваҳдати миллиро бунёд гузооанд ва ба эҳтироми химатҳои шоёнашон шарафмандона аз тарафи халқ ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат эътироф гарданд. Ҳатто изҳор дошта буданд, ки «Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…». Ана ҳамин хидматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки 27-уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид ва мужда аз фарорсии ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, оғози бунёдкорӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегиро медод.
Ташаббусшои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар созмон бонуфуз дар мавриди таҳкими сулҳу субот ҳамеша ҷонибдорӣ мегардад. Бахусус дар самти ҳифзи сулҳу субот ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар Созмони Миллали Мутаҳҳид дар мавриди қабул гардидани қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба тақкими сулҳ барои наслҳои оянда солҳои 2027-2036 ” гувоҳи равшани гуфташои болост.
Бо итминони комил бояд қайд намуд, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик бори дигар аз таҷрибаи нодири таърихии хеш дар роҳи ба ҳам омадан баҳри наҷоти давлати соҳибихтиёр истифода карда, як марҳилаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсозро сипарӣ намуд. Ҷасорат, хирад ва заковати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосиро дар роҳи таҳкими сулҳу субот дар кишвар гузошт.
Ҳифзу нигаҳдошт ва таҳкими Ваҳдати миллӣ имрӯз аз тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавонон масъулияти баландро тақозо менамояд ва фард фарди ин сарзаминро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, якпорчагии Ватан ва осудагии миллат расанд ва талош намоянд, ки насли наврасро бояд дар руҳияи ҳамбастагии миллӣ, якдилӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатӣ ба камол расонем.
ДИРЕКТОРИ МД "МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМУЗИИ КОРМАНДОНИ СИСТЕМАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ"