ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАМОҲАНГСОЗИ АГЕНТИИ ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТУРКИЯ (TIKA) ДАР ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 13 ноябри соли 2025 дар бинои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазир муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон муҳтарам Ибраҳим Этҳем Унал баргузор гардид.
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
Рӯзи 14 ноябри соли 2025, соати 1100 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳайати мушовараи вазорат, муовинони вазир, роҳбарони сохторҳо, мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва ҳайати васеи кормандони низоми вазорат, бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд.
«РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» – РАМЗИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишонаи садоқат ба Ватани азизамон — Тоҷикистон аст. Рӯзи Президент на танҳо як ҷашни расмӣ, балки ифодаи миннатдории халқи Тоҷикистон ба Са
ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: РӮҲИ БЕДОР, АНДЕШАИ БУЗУРГ ВА САВТИ ИТТИҲОД
Дар давраҳои мураккаби таърих, вақте ки миллатҳо ба сари ду роҳ - ё зинда мондан бо шараф, ё гум шудан дар гирдоби бесарусомонӣ меоянд танҳо шахсиятҳои бузург метавонанд бо хиради худ роҳи наҷотро кушоянд. Барои миллати тоҷик чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.