Дар нашриёти «Аржанг» китоби директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ», доктори илмҳои сиёсӣ Моёншо Маҳмадбекзода таҳти унвони «Паёми Пешво - масири эҳё ва созандагӣ» бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид. Аҳамияти илмию ҷамъиятӣ ва сиёсии китоб дар он ифода меёбад, ки дар он нахустин маротиба паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи консептуалӣ ва низомманд мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд.
Муаллиф паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун заминаи стратегии муайянкунандаи самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат арзёбӣ намудааст. Чунин равиши илмӣ имкон додааст, ки ташаббусҳои Президенти мамлакат дар заминаи воқеияти сиёсии муосир ва ҳадафҳои рушди устувори давлат ба таври фарогир таҳлил карда шаванд.
Дар китоб таъкид мешавад, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун механизми муҳими татбиқи ислоҳоти васеъмиқёси иҷтимоию иқтисодӣ хизмат намуда, ҳамзамон барои таҳкими давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии идеологии ҷомеа заминаи устувор фароҳам меоранд.
Китоби «Паёми Пешво - масири эҳё ва созандагӣ» афзалияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз зовияи рушди миллӣ ва стратегияи созандагии давлат боз намуда, нақши паёмҳоро ҳамчун яке аз омилҳои калидии рушди пайгиронаи мамлакат ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум нишон медиҳад. Китоби мазкур дорои аҳамияти бузурги илмию назариявӣ ва амалӣ буда, барои доираи васеи хонандагон, муҳаққиқон, мутахассисон ва ҳамаи онҳое пешбинӣ шудааст, ки ба масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию идеологии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.