img
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ МУҲОҶИРАТИ ДАСТГОҲИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

 

Рӯзи 28 октябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд вохӯрии расмии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод бо роҳбари Агентии муҳоҷирати Дастгоҳи Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусаев Беҳзод Анварович баргузор гардид.

Ҳадафи асосии мулоқот баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳои ҳамкории муштарак ҷиҳати такмили механизмҳои омодасозӣ, мутобиқсозии иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон буд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба амалияи мавҷудаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, хусусиятҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ва фиристодани онҳо ба хориҷи кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатиро муфассал баррасӣ намуданд. Роҳбарияти Агентии муҳоҷират иттилоъ дод, ки дар самти интихоб ва фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кор дар хориҷи кишвар корҳо мунтазам анҷом дода мешаванд. Ин фаъолият дар доираи барномаҳо ва созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои ҳамкор амалӣ мегардад.

 

Ҷониби Ӯзбекистон иброз дошт, ки яке аз унсурҳои асосии сиёсати муассири муҳоҷирати меҳнатӣ тайёр кардани муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар дар ҳудуди кишвар мебошад. Ин раванд чунин самтҳоро дар бар мегирад:

- омӯзиши касбӣ ва баланд бардоштани тахассус тибқи ихтисосҳои серталаб;

- омӯзиши забони хориҷӣ ва қонунгузории меҳнатии кишвари қабулкунанда;

- шиносоӣ бо хусусиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои корфармо;

- таҳия ва имзои шартномаҳо бо шиносномаҳои мушаххаси корфармоён пеш аз сафар.

 

Масъулони Агентӣ зикр намуданд, ки чунин ҷалби муташакилона ва ҳадафноки шаҳрвандон имконият медиҳад, ки хавфҳои марбут ба кори ғайриқонунӣ коҳиш ёбанд, сатҳи амният ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ боло равад. Дар натиҷа ҳар як муҳоҷир бо тахассуси муайян, ба ширкати мушаххас ва барои муҳлати муайян сафар мекунад, ки ин кафолати фаъолияти самаранок ва қонунии ӯ дар хориҷи кишвар мебошад.

 

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод изҳор дошт, ки таҷрибаи Ӯзбекистон дар ин самт барои Тоҷикистон мисоли муфид ва амалии ҳамоҳангсозии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот миёни мақомоти масъули ҳар ду кишвар ба беҳтар шудани идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои васеъ кардани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ изҳор намуда, пешниҳод карданд, ки дар оянда барномаҳои муштараки омӯзишӣ, таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи таҷрибаҳо роҳандозӣ карда шаванд.

30.10.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ