Имрӯз санаи 31 октябри соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз” аз 19 июли соли 2022, №1890 баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумурии Тоҷикистон Нозимзода Баҳриддин, Маҷидзода Парвиз ва Икромова Зилола иштирок доштанд. Дар ҳамоиши мазкур кормандони дастгоҳи марказии вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва сохторҳои таркиби вазорат иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро муовини вазир Ашурализода А. оғоз намуда, баъдан намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои қабули қонуни мазкур ва мафҳумҳои асосии онро шарҳ доданд. Қайд гардид, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз” ин таҷрибаи нахустин дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Қонуни мазкур баробарии ҳамаи инсонҳоро новобаста аз ҷинс, миллат, нажод, дин, забон, ақидаи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ё дигар аломатҳо дар назди қонун кафолат медиҳад ва механизмҳои ҳимоя ва муроҷиати шаҳрвандонро муайян менамояд. Зикр гардид, ки бо татбиқи ин қонун муносибати дустонаи байни қавму миллатҳо, эҳтироми ҳамдигарӣ, гурўҳҳои иҷтимоӣ, динҳо таҳким меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст иборат мебошад. Дар чорабинии мазкур муҳтавои ҳар як бобу моддаи қонуни мазкур ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои мушаххас дода шуд.