img
САФАРИ КОРӢ БА КОРЕЯ

САФАРИ КОРӢ БА КОРЕЯ

 

https://www.facebook.com/share/p/1CyZ19vdnL/ 

 

Аз 17 то 23 майи соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҷиҳати иштирок дар Барномаи меҳмонони фахрии Ҷумҳурии Корея, ки дар доираи он намояндагони кишварҳои хориҷӣ барои шиносоӣ бо низоми идоракунии давлатӣ, иқтисод, фарҳанг, маориф ва дастовардҳои Ҷумҳурии Корея ба ин кишвар даъват карда мешаванд, ба шаҳри Сеул сафари корӣ анҷом дод. Нахуст Холмаҳмадзода Солеҳа бо роҳбарият ва ҳайати кормандони Бунёди Корея, инчунин намояндагони дигар давлатҳои иштирокчии барнома мулоқот намуда, зимни суҳбат зикр кард, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея аз замони барқарор гардидани равобити дипломатӣ то имрӯз дар заминаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила, эътимод ва ҳамкориҳои судманд пайваста рушд ёфта, айни замон ба марҳилаи нави амалӣ ва густаришёбанда ворид гардидаанд.

 

Қайд карда шуд, ки дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ҳамкориҳои муназзам ва созандаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея нақши калидӣ дошта, ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои танзими қувваи корӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва фароҳам овардани имкониятҳо барои шуғли шаҳрвандон заминаи мусоид ба вуҷуд овард. Дар доираи сафар тибқи барномаи тасдиқшуда бо роҳбарияти як қатор сохторҳои Ҷумҳурии Корея мулоқотҳои расмӣ баргузор карда шуданд.

 

Аз ҷумла, зимни мулоқот бо вазири шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Ким Йонг Ҳун ҷонибҳо мавзуъҳои рушди ҳамкориро дар самти танзими қувваи корӣ ва омодасозии кадрҳо дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути низоми иҷозати шуғл (EPS), ки 31 октябри соли 2024 ба имзо расидааст, баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо, масъалаи татбиқи ҳадафҳои муайяннамудаи роҳбарони ду давлат, аз ҷумла азхудкунии пурраи квотаи ҷудогардида барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби қувваи кори аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти фаъолият дар ин самт иброз доштанд.

 

Зимни баррасии масъалаи мазкур ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки натиҷаҳои бадастомада зарурати тақвияти тадбирҳои муштаракро ҷиҳати таъмини иҷрои квотаи ҷудошуда ва фаъолсозии раванди интихоби шаҳрвандон аз ҷониби корфармоёни кореягиро тақозо менамояд. Ҳамзамон, бо дарназардошти таҷрибаи нисбатан нави кишвар дар татбиқи низоми EPS ва ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаҳо, соддагардонии муваққатии меъёри гузариши имтиҳони EPS-TOPIK барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод гардид.

 

Масъалаи мазкур дар мулоқот бо ноиби президенти Хадамоти рушди захираҳои инсонии Ҷумҳурии Корея (HRD) Лим Сонг Мук низ зикр шуда, ҷонибҳо ҷиҳати амалисозии тавофуқҳои қаблан бадастомада дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея ибрози назар карда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти ҷалби таваҷҷуҳи корфармоёни кореягӣ ба қувваи кории Тоҷикистон баён доштанд.

 

Дар мулоқот бо муовини Президенти KOICA Сок Ҳва Ҳонг, ки чандин сол инҷониб бо вазорат ҳамкорӣ дошта, яке аз шарикони боэътимод маҳсуб меёбад, ҷонибҳо ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони кореягӣ, тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Корея таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо KOICA дар соли 2027 татбиқи лоиҳаи таъсиси “Маркази таълимии таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нақша гирифта шуда, барои сохтмони он қитъаи замин ҷудо гардидааст.

 

Инчунин, зимни мулоқот бо намояндагони ширкатҳо ва корфармоёни Ҷумҳурии Корея имкониятҳои кишвар оид ба омода намудани мутахассисон ва сатҳи омодагии касбии шаҳрвандон тариқи рӯнамо муаррифӣ гардида, ҷалби қувваҳои корӣ аз Тоҷикистон ба корҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар самти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, маводи рӯнамо барои шиносоии бештари ширкатҳои кореягӣ ба иштирокчиён дастрас карда шуд. Дар маҷмуъ, мулоқотҳо дар фазои ҳусни тафоҳум ва мубодилаи судманди афкор сурат гирифтанд.

23.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ