БОЗДИД ВА МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНД ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
https://www.facebook.com/share/p/18xpQay7KH/
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода як қатор мулоқоту боздидҳои муҳимро бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Корея анҷом дод.
Дар ҷараёни сафар аз Федератсияи саноати Корея, Федератсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Корея, Маркази ҷаҳонии мубодилаи дониш ва рушд, Осорхонаи миллии таърихи муосири Корея, Агентии пешбурди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA) ва як қатор корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал оварда шуд. Вазири меҳнатро дар ин сафар сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии вазорат Мазориев Хуршед ҳамроҳӣ намуд. Зимни мулоқот бо роҳбарияти Федератсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Корея масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби корфармоёни кореягӣ барои интихоби қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеаи робитаҳо дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки Федератсияи мазкур яке аз ниҳодҳои бонуфузи иқтисодии Ҷумҳурии Корея ба шумор рафта, ҷиҳати рушди соҳибкории хурд, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон ва ҳифзи манфиатҳои ширкатҳои хурду миёна, инчунин дастгирии молиявӣ, омӯзиш ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд. Дар мулоқот бо роҳбарият ва намояндагони Федератсияи мазкур масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолот, омодасозии кадрҳои техникӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.
Дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи нассоҷӣ ва рангбарорӣ боздид намуда, бо фаъолияти истеҳсолӣ ва шароити меҳнатии онҳо шинос гардиданд. Ба роҳбарияти корхонаҳо оид ба имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Зимни суҳбат бо роҳбарияти корхона масъалаи ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори меҳнати Ҷумҳурии Корея, бахусус шаҳрвандоне, ки аз имтиҳони EPS-TOPIK гузашта, маълумоташон дар портал ҷойгир карда шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт метавонад ба таъмини талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Корея бо қувваи кории соҳибихтисос ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолии Тоҷикистон мусоидат намояд. Ҳамчунин, ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Тегуи музофоти Гунви сафар намуда, бо имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва инфрасохтори истеҳсолии минтақа шинос гардид. Зимни вохӯриҳо ба ҷониби кореягӣ оид ба имконияту зарфиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раванди омодасозии қувваҳои корӣ дар марказҳои таълимии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар навбати худ, ҷониби кореягӣ ҳайати Тоҷикистонро барои шиносоӣ аз шароит ва таҷрибаи пешрафтаи фаъолият дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла гармхонаҳои муосир, даъват намуд. Дар рафти мулоқот имкониятҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои мавсимӣ дар бахши кишоварзии Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт изҳор намуданд. Сафари мазкур ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, таҳсилоти касбӣ ва таъмини диверсификатсияи муҳоҷират арзёбӣ гардид.