img
ДАРСИ ОМӮЗИШИИ “МАКТАБИ САРВАРОНИ ҶАВОН” БАРОИ ДОНИШҶӮ-ДУХТАРОНИ ФАЪОЛ ВА ЛАЁҚАТМАНДИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ КИШВАР ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

https://www.facebook.com/share/p/17TuNm9RhM/  

 

Санаи 16 майи соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 №204 оид ба “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобабҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” дар ҳамкорӣ Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯ-духтарони фаъол ва лаёқатманди муассисаҳои олии кишвар барои солҳои 2025-2026 дарси омӯзишии “Мактаби сарварони ҷавон”ташкил карда шуд. Дар ҷаласа наздик ба 50 нафар донишҷӯдухтарони фаъол ва лаёқатманди муассисаҳои олии кишвар зери роҳбарии муаллима Муродова Дилбар бо ҳамасмандӣ ва завқи баланд ҷамъ омаданд.

 

Кори ҷаласаро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Норзода Шариф оғоз бахшида, нахуст доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгириҳои ҳуқуқӣ ва моддию маънавии занону духтарон, фароҳамоварии имконият ва роҳҳои устуворгардонии оила, квотаҳои таъсилотӣ барои духтарон, тақдими идрорпулӣ барои донишҷӯдухтарони фаъол ва лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти тахассусӣ ва олии ҷумҳурӣ ва монанди инҳо суханронӣ намуд. Дар ин раванд, аз малака ва истеъдоди роҳбарзанон, бахусус, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки феълан ин муассисаи бузурги кишварро зан роҳбарӣ менамояд.

 

Ҳамзамон аз дастгириҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти занон, таъмини ҷойҳои кории онҳо тавассути Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ба касбу ҳунаромӯзи ҷалб кардани онҳо тавассути Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ” ва устуворгардонии оила бо додани грантҳо ва монанди инҳо маълумот пешниҳод карда шуд.

 

Дар охир аз ҷониби донишҷӯдухтарон саволҳои гуногун, ба монанди барои духтарон доштани дониш муҳим аст, ё касбу ҳунар? Мушкилии асосии бозори меҳнат дар камбудии мутахассисон аст ё музди меҳнат? Барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чи корҳоро ба сомон мерасонад? пешниҳод шуда, муовини вазир ба онҳо посухҳои мушаххас дод.

16.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ