Санаи 11 июни соли 2025 дар ҳошияи иҷлосияи 113-уми Конфронси байналмилалии меҳнат Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо Дабири кулли Созмони Байналмилалии Меҳнат ҷаноби Жилбер Унгбо мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба корҳои анҷомдодашудаи назаррас дар давраи узвият дар ин созмон, аз ҷумла татбиқи самараноки барномаҳои ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда, Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, Нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда, гузаронидани тадқиқотҳои соҳавӣ ва як қатор чорабиниҳои дигар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Холмаҳмадзода Солеҳа қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Созмони Байналмилалии Меҳнат буда, меъёру принсипҳои онро ҷонибдорӣ ва риоя менамояд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти дар ҳамкорӣ бо ин созмон фароҳам овардани шароити мувофиқи меҳнат, бехатарӣ ва саломатӣ, инчунин кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии кормандон буда, Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар назди ин созмони бонуфуз иҷро ва қонунгузории соҳавиро такмил дода, тадриҷан онро ба муқаррароти он мутобиқ месозад.
Вазир саҳм ва дастгирии пайвастаи Созмони Байналмилалии Меҳнатро дар густариши шарикии иҷтимоӣ ва мусоидат дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти дуҷониба ва ҳамкориҳои минбаъда изҳори умедворӣ кард.