img
ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ “ДАР БОРАИ ТАҲЛИЛИ РАФТИ ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ НИЗОМНОМАВИИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР САМТИ МЕҲНАТ ДАР СОЛҲОИ 2024-2025”

26 феврали соли 2026 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳлили рафти иҷрои вазифаҳои низомномавии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти меҳнат дар солҳои 2024-2025” таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.

 

Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми вазир, муовинон, роҳбарияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муассисаҳои давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии командони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ва сардорони раёсати сохторҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Нахуст гузориши Сардори раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ Раҷабов Раҷаб оид ба таҳлили рафти иҷрои вазифаҳои низомномавии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти меҳнат дар солҳои 2024-2025 шунида шуд.

 

 Таҳлили маводҳои пешниҳодгардидаи агентӣ ва сохторҳои он шаҳодат медиҳад, ки масъулини самти меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он дар маҳал фаъолиятро дар асоси Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ, қарору фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ,  нақшаҳои кории  бо мақомоти болоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мувофиқашуда ба роҳ монда, дар самти татбиқи сиёсати меҳнат дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар солҳои 2024 - 2025 корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. 

 

Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти татбиқи қонунгузории меҳнат, аз ҷумла, таъмини ҳифзи меҳнат, тибқи талабот таҳия ва ба имзорасонидани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, таъсис ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти хадамотҳои ҳифзи меҳнат, таҳлили масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ дар корхонаҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ намудани тадбирҳои амалӣ дастур дода шуд.

 

Дар фарҷом, аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2026 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.  Инчунин, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардида, доир ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул гардид.

27.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ