img
КУМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ АЗ ШАҲРИ ЕКАТЕРИНБУРГ БА МАРДУМИ ОСЕБДИДАИ ДОҒИСТОН

Ҳамватанони бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Ҳавзаи федералии Урали Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, дар як иқдоми башардӯстона ба мардуми аз офатҳои табиӣ осебдидаи Доғистон кумаки моддӣ ва маънавӣ расониданд.

 

Бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди инсондӯстӣ, ҳамватанон маблағ, таҷҳизотҳои сохтмонӣ, аз қабили семент, арматура, тахта, мехмаводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти заруриро ҷамъоварӣ намуда, барои дастгирии оилаҳои зарардида равона карданд. Ин иқдом намунаи равшани ваҳдат, ҳамбастагӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбад.

 

Ташаббуси мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки новобаста аз дурӣ аз Ватан, ҳамватанони мо ҳамеша дар ҳолатҳои душвор канори мардумони ниёзманд қарор гирифта, рӯҳияи кӯмакрасонӣ ва инсонпарвариро пуштибонӣ менамоянд. Кумаки башардӯстона на танҳо дастгирии моддӣ, балки паёми умед, ҳамдардӣ ва иттиҳоди инсонҳоро ба мардуми осебдида мерасонад.

22.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ