img
ЭЪЛОН

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати олмонии “TELC GmbH” омӯзгорони соҳибтахассусро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбият ва такмили ихтисос аз рӯйи модул ва барномаҳои таълимии забони олмонӣ даъват менамояд.

 

Мақсад аз иқдоми мазкур ба роҳ мондани курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Марказҳои рушди малакаҳои касбӣ ва хизматрасонии низоми вазорат барои пайдо кардани ҷойи кори муносиб дар Олмон мебошад. Хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат бо суроғаи ш. Душанбе, к. А.Навоӣ 5/2,  ё почтаи электронии habib0196@mail.ru маълумотнома (резюме) худро то 20 сентябри соли 2025 пешниҳод намоянд.  Телефон барои тамос: 250-32-34.

01.09.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ