img
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»

           Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025» чорабинии канорӣ дар мавзуи “Диаспора ҳамчун қувваи пешбарандаи сармоягузорӣ ва сайёҳӣ” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон баргузор гардид.

           Дар чорабинии мазкур аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.

        Тибқи барномаи чорабинӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Форуми мазкур, Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, фаъолияти вазорат дар самти кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин, саҳми онҳо барои рушди соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ суханронӣ карданд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҳадафи асосии Форум ин муаррифии имкониятҳои сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сармоягузории бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳое, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ва минтақа ҳавасманданд мебошанд, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар, густариши ҳамкориҳо байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ватанию хориҷӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

      Форум ҳамчунин платформаи муносибро барои ҷонибҳои гуногун, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ширкатҳову ташкилотҳои тиҷоратӣ, сармоягузорону соҳибкорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати мубодилаи афкор, донишу таҷриба, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ муҳайё менамояд.

       Ҳамзамон, роҳбари намояндагии СБМ дар Тоҷикистон дар мавзуи “Истифодаи иқтидори диаспораи тоҷик барои сармоягузорӣ ва саёҳӣ, роҳбари ширкати “ZYPL” дар мавзуи “Диаспора ҳамчун катализатор барои рушди иқтисодӣ”, директори Академияи барномасозӣ(Console) дар мавзуи “Диаспора барои рушди маҳал”, директори генералии “Maуa Mirai” дар мавзуи “Нақши диаспора дар рушди соҳибкории маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ”, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони як қатор диаспораҳо аз Федератсияи Россия доир ба саҳми соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди кишвар, баромад намуданд.

         Баргузории чунин чорабиниҳо барои беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ, саҳми соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад.

         Дар охири ҷаласа оид ба тақвияти фаъолияти кор аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва диаспораҳо таклифу пешниҳодҳо манзур гардиданд.

17.10.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ