9 октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019” ба имзо расид
Лоиҳаи Протоколи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи Созишнома, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ бо тариқи муташаккилона, омода намудани кадрҳои баландихтисос бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнати Федератсияи Россия ба қувваи корӣ ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ, қонунӣ ва бехатар дар Федератсияи Россия таҳия гардида, дар ҷаласаҳои пай дар пайи Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия баррасӣ ва мувофиқа шудааст.
Тағйироти Протоколи мазкур гузаштан аз муоинаи тиббӣ, изи ангушт, супоридани маҷмуи имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия, тайёр кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои асосии таҳсилоти касбӣ дар Федератсияи Россия ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати шоиста, қонунӣ ва бехатарро дар бар мегирад.
Бояд зикр намуд, ки ба имзо расодани лоиҳаи Протокол ба манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ буда, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гирифтани маълумотнома оид ба гузаштан аз муоинаи тиббӣ, изи ангуш, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия дар дохили ҷумҳурӣ пеш аз сафар амалӣ шуда, шаҳрванд танҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия патентро гирифта, ба фаъолияти меҳнатӣ шуруъ мекунад.
Ҳамчунин, 9 октябри соли ҷорӣ Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо мақсади иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 18 декабри соли 2023 аз ҷониби Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.
Муқаррароти санади мазкур рушди ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар бар гирифта, дар доираи он намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия низ таъсис дода мешавад. Инчунин, мақом ҳуқуқии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки аз соли 2004 фаъолият намуда истодааст, муайян гардида, баланд бардошта шуд.