Одоб, яъне адаб, рафтор ва кирдори неку писандида дар зиндагӣ, муомилаи эҳтиромкорона аст. Одоби хизматчии давлатӣ бошад, ин маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ аст, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷомеаро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад. Боиси тазаккур аст, ки рафтори хизматии хизматчии давлатӣ, он рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ аст, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ зоҳир мегардад. Муносибат ва рафтори хизматчии давлатӣ, ки ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ иртибот надошта, берун аз ҷои кор дар ҷомеа зоҳир мегардад, рафтори ғайрихизматии хизматчии давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин ҷо бар меояд, ки хизматчиёни давлатӣ принсипҳои ахлоқро, меъёрҳои одоби хизматчии давлатиро, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқро на танҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабии хеш, балки дар ҷомеа берун аз вақти корӣ, берун аз ҷои кор низ бояд риоя намоянд.
Хизматчиёни давлатӣ бояд дар назар дошта бошанд, ки дар кирдору рафтор, ахлоқ ва тарзи муоширати онҳо мардум симои давлатро мебинанд, аз ин рӯ ҳар як хизматчии давлатӣ вазифадор аст меъёрҳои ахлоқро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматии хеш риоя намоянд.
Барои хизматчиёни давлатӣ тақвияти одоби касбӣ барои он зарур аст, ки обрӯи ҳокимият ба сифатҳои аҳлоқии онҳо: бофарҳангӣ, бовиҷдонӣ, хоксорӣ, адолатпешагӣ, садоқату фидокорӣ дар хизмат ба манфиати давлат фаъолият кардан, бевосита баланд бардошта шавад. Зеро кирдорҳои номатлуби хизматчиёни давлатӣ метавонанд, обрӯи ҳокимиятро дар назари мардум коста созанд.
Дар таърихи навини Тоҷикистон бори аввал бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2004 дар кишварамон «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Вобаста ба зарурати бамиёномада соли 2010 ва соли 2015 ба он тағйироту иловаҳо ворид гардид ва дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муайяни ахлоқи хизматиро дар бар гирифта, меъёру принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, ба танзим медарорад. Дар мақомоти давлатӣ назорати риояи Кодекси мазкур аз тарафи комиссия оид ба одоб амалӣ карда мешавад.
Барои хизматчиёни давлатӣ натанҳо риояи талаботи қонун, балки масъулиятшиносию софдилӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиаш низ муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди дар ҷамъият доштаи хизматчиёни давлатӣ ишора намуда, иброз намудаанд, ки “Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату даавлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд”.
Принсипҳои асосии одоби хизматчии давлатӣ, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд дар асоси он фаъолият намояд, ин принсипи қонуният, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, садоқат ба Ватан, садоқат ба халқи Тоҷикистон, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, таҳаммулпазирию поквиҷдонӣ ва беғаразӣ ба шумор меравад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, вазифадор аст ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматии хеш ба таърихи кишвари худ, ба урфу одатҳои миллӣ ва фарҳангӣ эҳтиромона муносибат намояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифз намояд, нисбати муроҷиати шаҳрвандон бодиққат ва бомасъулият муносибат кунад, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро риоя намояд ва риояи онро аз ҷониби аъзои оила ва фарзандон таъмин намояд. Хизматчии давлатӣ бояд одилона амал намояд. Ҳамзамон, хизматчии давлатиро мебояд, ки дар фаъолияти касбии худ поквиҷдонона ва беғаразона амал намуда, ба урфу одатҳои миллатҳо таҳаммулпазирӣ ва арҷгузорӣ намояд, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба созиши байни миллатҳо мусоидат намояд.
Маданияти сухан -донистани меъёрҳои забони адабӣ ва донистани асосҳои маҳорати суханвариро дар назар дорад. Одоби ҳамидаи муоширатро аз худ кардан ва риояи он обрӯю эътибори шахсро баланд мебардорад. Маҳз ба ҳамин хотир хизматчии давлатӣ дар сухан гуфтан бояд бо дарки масъулияти бузург рафтор намояд. Зеро ҳар як сухани носанҷида, беасосу бемантиқи ӯ метавонад сабаби нофаҳмӣ дар ҷомеа гардад. Хизматчии давлатӣ дар фаъолияти худ бояд ба қонунҳо, дастурҳо такя кунад ва мазмуну мақсади онҳоро ба мардум фаҳмонад. Пеша кардани хоксорию хушмуомилагӣ, риояи санъати сухан, қоидаҳои умумии муошират дар муносибатҳои хизматӣ ва ғаирихизматӣ талаботест, ки онро хизматчиёни давлатӣ бояд риоя кунанд. Намуди зоҳирии хизматӣ низ як қисми одоб аст. Пӯшидани либоси шинам ва мутобиқи расмиёти одоби корӣ, услуби корӣ ва муносибати ҷиддӣ ба кор эътимоди мардумро зиёд мегардонад.
Ҳамин тавр, одоби хизматчии давлатӣ ҷузъи ҷудонашавандаи идоракунии муосир аст. Он на танҳо меъёрҳои рафториро муайян мекунад, балки эътибори давлатро дар чашми шаҳрвандон ва ҷомеаи байналмилалӣ ташаккул медиҳад. Риояи меъёрҳои одоби хизмати давлатӣ имконият медиҳанд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром, обрӯ ва соҳибиқболу соҳибдавлат гардад. Хизматчиёни давлатӣ доимо бояд дарк кунанд, ки рафтори ӯ на танҳо обрӯи шахсӣ, балки эътибори тамоми сохтори давлатӣ ва давлатро таҷассум менамояд.
Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ба баланд бардоштани масъулият, шаффофият ва адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Қоидаҳо ва меъёрҳои одоби хизматчии давлатӣ, ки бевосита аз Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма меёбанд, хизматчии давлатиро водор месозанд, то ин санади ҳуқуқиро сармашқи кори худ дониста, чун санади рӯйимизӣ истифода намояд.
Раҳимов Ҳ.Ҳ.
Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон