img
БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2024–2028

 


Санаи 20 апрели соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазир Солеҳа Холмаҳмадзода ҷаласаи корӣ доир ба баррасии рафти иҷрои Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2024–2026 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Байналмилалии муҳоҷират ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.


Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба рафти иҷрои Барномаи миллӣ ва Нақшаи амали он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №485 тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, фаъолияти бахши мониторинги меҳнати кӯдаки Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касби муосир» дар соли 2025 ва семоҳаи аввали соли 2026 таҳлил ва доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа гузоришҳои сардори раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ - Раҷабов Раҷаб ва директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” – Маҳмудова Хосият шунида шуданд.
Қайд гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз дар татбиқи Барномаи мазкур якҷо бо як қатор вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.


Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода аҳамияти татбиқи самараноки Барномаи миллӣ ва Нақшаи амали онро таъкид намуда, зикр кард, ки барои таъмини иҷрои босифати он ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақвият дода мешавад. Дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарон ва масъулони сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмин намудани иҷрои босифати Барнома ва Нақшаи амали он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд

21.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ