Аз 2 июни соли 2025 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иҷлосияи 113-уми Конфронси байналмилалии меҳнат бо иштироки сатҳи баланди шарикони сетарафаи давлатҳои узви Созмони Байналмилалии Меҳнат оғоз гардид, ки чорабинии мазкур то 13 июни соли ҷорӣ идома меёбад. Конфронси байналмилалии меҳнат ҳамасола аз ҷониби созмони болозикр ташкил карда мешавад. 11 июни соли ҷорӣ ҳайати шарикони сетарафаи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии конфронс иштирок намуда, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа роҷеъ ба масъалаҳои дар маърӯзаи директори генералии Созмони Байналмилалии Меҳнат ироагардида, аз ҷумла, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, вусъат додани ҳамкории шарикии иҷтимоӣ байни ҳукумат, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияи корфармоён, пешниҳоди маърӯзаҳои миллӣ оид ба риояи муқаррароти конвенсияҳои эътирофшуда, қабули санадҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати арзанда, таъмини бехатарӣ ва беҳтарсозии шароити меҳнат суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, ҳамасола зиёд намудани музди меҳнат ва татбиқи устувории сиёсати иҷтимоӣ пайваста тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд ва муқаррароти конвенсияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнатро, ки бевосита ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва расидан ба зиндагии шоиста равона шудаанд, риоя ва иҷро менамояд. Холмаҳмадзода С., иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 2019 қайд намуданд, ки “Тадбирҳо оид ба таъсис додани ҷойҳои кории нав, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошанд.
Вобаста ба афзоиши аҳолии кишвар захираҳои меҳнатӣ низ мунтазам зиёд шуда, талабот ба ҷойҳои кории нав сол ба сол зиёд мегардад. Аз ин рӯ, дар роҳи ҳалли мушкилиҳои дар доираи шарикии иҷтимоӣ ҷойдошта мо бояд ҳамкории бештар ва фарогир дошта бошем”. Ҳамчунин, дар конфронс ҷиҳати ҳалли масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои меҳнатӣ, тақвияти иқтидори шарикони иҷтимоӣ ва ниҳодҳои муколамаи иҷтимоӣ ва густариши ҳамкориҳои муштараки минбаъда як қатор пешниҳодҳо манзур гардиданд.