“Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлат, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат мебошад”. Ин суханҳои дарҷшудаи пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест.
Роҳбари ғамхори давлату ҳукумати мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб огоҳанд ва ҳамеша ба мардуми сарбаланди тоҷик таъкидан мегӯянд, ки коррупсия кирдори номатлуб ва амали нангине мебошад, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Воқеан, ҳам коршиносони соҳа солҳост, ки таъкид карда истодаанд, ки коррупсия яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоӣ буда, ба сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Он на танҳо ба амният ва иқтисоди кишварҳо таҳдид мекунад, балки арзишҳо ва ахлоқи ҷомеаро низ зери хатар қарор додааст.
Дар шароити афзоиши коррупсия арзишҳои миллӣ ва ахлоқии ҷомеа таҳти фишори шадид қарор гирифта, эҳтимолияти таназзули иҷтимоӣ меафзояд. Бе муболиға таъсири коррупсия ба ахлоқи ҷомеа паҳлӯи аз ҳама хатарноки ин падидаи зишт мебошад, чунки иваз шудани арзишҳои суннатӣ ба арзишҳои бегона ва аз байн рафтани меъёрҳои ҳамидаи ахлоқи инсонӣ натиҷаи бевоситаи афзоишу густариши коррупсия мебошад.
Transparency International ташкилоти байналмилалии мубориза бо коррупсия баъди таҳқиқоту таҳлилҳои солҳои зиёди худ, зимни як гузориши худ соли 2024 вобаста ба ин амали нангин чунин суханҳоро баён кардаанд: «Дар кишварҳое, ки коррупсия паҳн шудааст, на танҳо институтҳои сиёсӣ заиф мешаванд, балки сатҳи ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ коҳиш меёбад».
Дар воқеъ, тибқи пешгӯйиҳои ин ниҳод, имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир, коррупсия яке аз мушкилотҳои ҷиддӣ ва таъхирнопазир буда, тамоми давлатҳои ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин падидаи нангину номатлуб яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ва доғи сиёҳи бештари кишварҳо гардида, он садди роҳи рушду инкишоф шудааст.
Барои мубориза зидди ин амали нангин, аз тарафи ҳукумати ин кишварҳо, як қатор қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои махсус қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвариву роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои решакан намудани коррупсия чораву тадбирҳои муассир андешида истодаанд.
Аз ҷумла, қабули Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия яке аз барномаҳои муҳим дар самти ба таври умум ва бо истифодаи тамоми имконияту инструмент ва методҳо мубориза алайҳи фасодкорӣ маҳсуб меёбад. Ин санади муҳим як формулаи миллии муқовимат бо фасод барои давраи муайян аст. Ягона нуктае, ки самаронокии ин барномаро таъмин мекунад, ин ҳам механизми татбиқи тамоми чорабинҳо ва амалҳое, ки дар он зикр ёфтааст.
Ба андешаи коршинсону ҷомеашиносон муқовимат бо фасод танҳо дар ҳамон ҳолате муассир ва самаровар мешавад, ки агар барои пиёдасозии ҳадафҳо дар ин самт ҳама институтҳо ва гурӯҳу соҳаҳо ба таври ҷиддӣ бо дарки амиқи масъулият талош кунанд. Инҷо масъалаи меҳварӣ маърифати аҳолӣ аст. Яъне, маҳз аҳолӣ дар ин раванд нақши калидӣ дорад.
Агар як ронанда, омӯзгор, пизишк ва дигар кормандони соҳаҳои мухталиф дар сатҳи худ бо фасод мубориза барад, ё ин ки як мансабдори давлатӣ дар доираи имкониятҳои худ фасодро маҳкум кунад, бешак мо дар мубориза бо фасод муваффақ мешавем ва як модели миллии паст кардани мизони коррупсияро меофарем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “... мубориза бо муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд бояд бетараф набошад”.
Воқеан, коррупсия яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа эҷод карда, намегузорад, ки маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда равона гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он ба амал оварда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудратӣ омадани шахсони тасодуфӣ заминаи асосиро гузорад. Мутаассифона, ин амали нангину номатлуб дар ҷомеаи мо низ реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомотӣ давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бо коррупсия, корҳои таблиғотию ташвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ доранд, ба роҳ монда шаванд.
МАСРУР ҲОМИДЗОДА
Сармутахассиси шуъбаи аудити дохилии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон