img
САВДОИ ОДАМОН – ҶИНОЯТИ ВАЗНИН ВА ТАҲДИД БА ҶОМЕА

САВДОИ ОДАМОН – ҶИНОЯТИ ВАЗНИН ВА ТАҲДИД БА ҶОМЕА

 

https://www.facebook.com/share/p/1XRzwf1Y6T/ 

 

Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнин ва фаромиллӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро поймол мекунад. Ин падида дар бисёр кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дошта, занону мардон ва ҳатто кӯдакон метавонанд қурбонии он гарданд. Савдои одамон на танҳо ба ҳаёт ва саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад, балки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад.

 

Одатан ҷинояткорон бо ваъдаи ҷойи кори сердаромад, таҳсил, издивоҷ ё зиндагии беҳтар одамонро фиреб медиҳанд. Пас аз он онҳо ҳуҷҷатҳои шахсии қурбониёнро гирифта, онҳоро маҷбур месозанд, ки дар шароити вазнин ва ғайриқонунӣ кор кунанд ё ба дигар шаклҳои истисмор дучор шаванд. Бисёр вақт қурбониён аз тарс ё надоштани имконият наметавонанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Омилҳои асосии паҳншавии савдои одамон бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, камбизоатӣ ва бовар кардани шаҳрвандон ба эълонҳои бардурӯғ мебошанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, аҳамияти калон дорад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Қонунгузорӣ барои ошкор, пешгирӣ ва ҷазо додани ҷинояткорон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониён чораҳои мушаххасро пешбинӣ мекунад. Дар ин самт мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаро пайваста анҷом медиҳанд. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳангоми ҷустуҷӯи ҷойи кор, махсусан дар хориҷи кишвар, эҳтиёткор бошад. Пеш аз имзои шартномаи меҳнатӣ зарур аст, ки дурустии ҳуҷҷатҳо ва фаъолияти ширкатҳои миёнарав санҷида шавад. Ҳамчунин, ҳеҷ гоҳ набояд шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои шахсӣ ба шахсони ношинос супорида шаванд.

 

Мубориза бо савдои одамон танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ин масъулияти ҳар як узви ҷомеа мебошад. Агар ҳар шаҳрванд қонунро эҳтиром намояд, аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошад ва нисбат ба чунин ҳолатҳо бетараф набошад, метавон сатҳи ин ҷинояти вазнинро коҳиш дод. Дар хотима метавон гуфт, ки савдои одамон ҷиноятест, ки шаъну шараф ва озодии инсонро зери хатар мегузорад. Пешгирии он аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳамкории ҷомеа бо мақомоти давлатӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон оғоз меёбад. Танҳо бо талошҳои муштарак метавон ҷомеаи солим, амн ва озод аз савдои одамонро бунёд кард.

 

НЕЪМАТЗОДА ДАВРОН ГАЙРАТШО

Сардори шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Исмоили Сомонӣ

04.07.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ