ТРЕНКУР ВА МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ БАХШИДА БА 23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА 25 МАЙ – РЎЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
Субҳи имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” бахшида ба 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 25 май – Рўзи ҷаҳонии футбол бо иштироки доираи васеи кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тренкур (роҳгардӣ) ва машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Чорабинии варзишӣ дар фазои тантанавӣ ва бо руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор шуда, роҳбарон ва кормандони ҷавон фаъол дар он иштирок намуданд. Машқи пагоҳирӯзӣ бо роҳбарии мураббиёни ботаҷриба сурат гирифт ва ба иштирокчиён рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, бедор сохтани ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш мебошад. Ҷавонони вазорат ва сохторҳои он ҳамчун пайравони содиқи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат барои ободиву пешрафти Ватан саҳми шоистаи худро мегузоранд.