img
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҶАНБАҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ИННОВАТСИОНӢ ДАР РУШДИ ШУҒЛ ВА ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ҳамчун ҳуҷҷати калидии сиёсати давлатӣ баромад намуда, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳни сунъиро муайян менамояд. Дар Паёми навбатӣ таваҷҷӯҳи махсус ба гузариш ба иқтисоди инноватсионӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва таҳкими захираҳои инсонӣ зоҳир гардида, он ҳамчун пояи методологӣ ва стратегӣ барои рушди устувори кишвар хизмат мекунад. Дар ин раванд, масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва рушди таҳсилоти калонсолон қарор доранд, ки ҳамдигарро такмил дода, дар баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд.

 

Дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон бояд на танҳо ба афзоиши нишондиҳандаҳои миқдорӣ, балки ба сифат, самаранокӣ ва истифодаи васеи навовариҳо асос ёбад. Дар ин замина, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамчун омили асосӣ дар рушди соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ мешаванд. Истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии рушди шуғли пурмаҳсул, хизматрасониҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ имконият медиҳад, ки ҳосилнокии меҳнат ва шуғлнокӣ баланд бардошта шавад, хароҷот коҳиш ёбад ва ҷойҳои нави кории муосир таъсис дода шаванд. Ин раванд барои ҷавонон ва аҳолии қобили меҳнат заминаи устувор фароҳам оварда, вобастагии бозори меҳнатро аз омилҳои беруна тадриҷан коҳиш медиҳад.

 

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ дар ин ҳуҷҷат, ташаккул додани шуғли пурмаҳсул ва устувор мебошад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки рушди иқтисодӣ бояд мустақиман ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир расонад. Дар ин замина, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва коркард аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ҳамчун абзорҳои асосии сиёсати шуғл баррасӣ мегарданд. Ин раванд имкон медиҳад, ки нерӯи кории мавҷуда самаранок истифода шуда, шаҳрвандони бекор дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

 

Нақши лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар Паём ҳамчун унсури калидии рушди иқтисоди инноватсионӣ таъкид мегардад. Дар шароите ки бозори меҳнат босуръат тағйир меёбад ва талабот ба касбу малакаҳои нав меафзояд, омӯзиши пайваста ва бозомӯзии касбӣ ба зарурати объективӣ табдил ёфтааст. Рушди барномаҳои омӯзиши муосир, марказҳои бозомӯзии касбӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ имкон медиҳад, ки аҳолии қобили меҳнат ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ гардад.

 

Паём ҳамчунин, ба зарурати ҳамоҳангсозии низоми маориф бо талаботи бозори меҳнат ишора мекунад. Омодасозии мутахассисони рақобатпазир, аз ҷумла дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ, идоракунии инноватсия ва касбҳои техникии муосир, ҳамчун омили асосии рушди устувор баррасӣ мегардад. Таҳсилоти калонсолон дар ин раванд на танҳо воситаи баланд бардоштани сатҳи дониш, балки механизми муҳими таъмини шуғл ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

 

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самти возеҳи рушди иқтисоди инноватсионӣ ва инсонмеҳварро муайян менамояд. Меҳнат, шуғл ва таҳсилоти калонсолон дар ин ҳуҷҷат ҳамчун унсурҳои ба ҳам вобаста ишора шуда, татбиқи самараноки онҳо метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими истиқлолияти иқтисодии кишвар мусоидат намояд. Паём на танҳо таҳлили вазъи кунуниро пешниҳод мекунад, балки ҳамчун роҳнамо барои амалҳои мушаххас дар самти бунёди иқтисоди рақобатпазир ва ҷомеаи донишбунёд хизмат мекунад.

 

 

            Директори иҷроияи

ГТЛ “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ

ва ҳамгироии иҷтисодӣ”-и назди

ВММША ҶТ  - Бобохонзод Сиёвуш Ғайрат.

27.12.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ