img
ШАНБЕГИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри зебову дилоро ва ҳамешашукуфони Душанбе ҳафтаи корҳои ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани иншооти корӣ ва гирду атрофи он баргузор карда шуд. Тайи ҳафтаи охир рӯзҳои 11 ва 18-уми моҳи апрели соли 2026 кормандони Вазорат дар баробари тозакориҳои ҳаррӯза падидаи бунёдкории дастаҷамъонаро пеша гирифта, коргардонии заминҳои гирду атроф, шинонидани ниҳолҳои гулу растаниҳои ороишӣ ва ободу гулгулшукуфо намудани муҳити зисту кору фаъолиятро ба иҷро расониданд. Ҳамагон бар он иқроранд, ки сокини Пойтахт будан шараф аст ва масъулият дорад, ки яке аз он масъулиятҳо ин саҳмгузорӣ кардан дар корҳои ободонӣ мебошад.

 

Шанбегии имрӯза на танҳо амали тозагӣ, балки ҷиҳати таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии кормандон ва сокинон дар ободонии Пойтахт ба шумор меравад. Бо ин ирода, ки Пойтахти азиз  - шаҳри Душанбе, имрӯз на танҳо маркази сиёсӣ, маъмурӣ ва иқтисодии кишвар аст, балки рамзи давлатдории муосири тоҷикон, ваҳдату суботи миллӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Дар солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳамгироии софдилонаи мардуми меҳнатқарин шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардидааст, ки он намунаи ифтихори ҳар яки мо аст.

 

18.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ