img
БА ТАВАҶҶУҲИ КОРҶӮЁН!  ҶОЙИ КОРӢ ДАР БЕЛАРУС

Дар Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳо барои ишғоли вазифаи ронандаи нақлиёти мусофиркашонӣ (автобус) дар шаҳри Гроднои Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт.

 

Шартҳои асосӣ:

Музди меҳнат: 700 - 1700 $ (вобаста ба кор);

Талаботи тахассусӣ: Шаҳодатномаи ронандагии категорияи D, E;

Забон: Муоширати озод бо забони русӣ;

Синну сол: Аз 21 то 60 сола.

 

Барои маълумоти муфассал ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80 муроҷиат намоед. Тел: 221-39-83, 930934994.

07.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ