28 майи соли ҷорӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон – 2026 оғоз гардид. Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии иқтидори касбии шаҳрвандони мамалакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни давлатҳо ташкил карда шуда, намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи форум вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холмаҳмадзода Солеҳа, Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото иштирок ва суханронӣ намуданд.
Холмаҳмадзода Солеҳа зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва ҷавондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунар, такмили малакаҳои касбӣ ва ҳаётӣ, инчунин азхуд намудани донишҳои муосир шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, аз ҷониби Ко Сакамото зикр гардид, ки баргузории чунин форумҳо саривақтӣ ва муҳим буда, барои мубодилаи таҷриба ва малакаҳои касбӣ байни ҷавонону мутахассисон заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро мутахассисони соҳибкасб дар рушди технологияҳо ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо нақши калидӣ доранд.
Форум рӯзи 29 май идома ёфта, дар доираи он озмунҳои касбӣ аз рӯи ихтисосҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» миёни намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд. Дар озмун ҷавонони аз 17 то 35-сола иштирок намуда, маҳорати касбӣ, малакаҳои амалӣ ва донишу таҷрибаи худро муаррифӣ менамоянд.