img
ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

 

24 ноябри соли 2025 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавии ҷашнӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Қубодиён иштирок карданд.

 

Чорабинии мазкур бо роҳпаймоии сокинони хурду бузурги ноҳия, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳо дахлдори ноҳиявӣ, фаъолону аҳли зиё ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, миёнаи умумӣ ва мактабҳои варзишии ноҳия бо суруру хурсандиҳои бепоён зери парафшонии парчами давлатӣ ва ҳузури намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат ва дигар шахсони масъул оғоз гардид. Дар идома, зимни бахши сиёсии чорабинии тантанавии мазкур раиси ноҳия ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баромад ва суханрониҳои пурмуҳтавои табрикотии худ доир ба паҳлуҳои мухталифи хусусиятҳои сиёсию иҷтимоии парчами давлатӣ нуктаҳои муҳиму ҷолиб тазаккур доданд. Дар ин раванд, ба фаъолони ноҳия тақдим кардани ифтихорномаҳо сурат гирифт. Баъд аз қисмати сиёсии барномаи чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ доир карда шуд, ки дар он аҳли ҳунари санъату фарҳанги ноҳия бо суруду мусиқиҳои фораму дилнавоз хотири ҳозиринро болида гардониданд.

 

Қисмати чоруми барнома бо боздид  аз муассисаҳои таҳсилотию ҳунармандӣ ҷамъбаст карда шуд. Аз ҷумла, муҳтарам вазир дар ҳамроҳи бо раиси ноҳия ва дигар шахсони масъул ба коллеҷи омӯзгории ноҳия ташриф оварда, бо дастовардҳои донишу лаёқатҳои назарраси хонандагони он шинос шуданд.

 

Бо ҳайати устодону хонандагони болаёқат бахусус, иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва намоиши китобу ҷоизаҳои муҳассилини он суҳбатҳои муфиду тарбиявӣ карданд. Дар ин раванд Солеҳа Холмаҳмадзода бо таваҷҷуҳ ба хонандагон ва коллективи меҳнатии муассисаи мазкур суханҳои пандомӯзу ибратбахш, дар ташвиқи касбу ҳунар, омӯхтани фанҳои табии ва дақиқ, риояи тартибу низоми ҷомеаи дунявии мутамаддин ва монанди инҳо  ироа карданд. Бо ин тартиб боздид аз литсеи касбӣ техникии №46 ноҳияи Қубодиён сурат гирифт. Зимни мулоқот Солеҳа Холмаҳмадзода аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба литсеи мазкур дастгоҳҳои дӯзандагӣ тақдим карданд. Инчунин аз муассисаи таҳсилоти умумии №47 ноҳия ва филиали литсеӣи касбӣ техникии №46 боздид карданд, ки дар хотима С.Холмаҳмадзода бо гулдухтарони чирадасти литсеи мазкур низ суҳбатҳои озодонаи ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ доир намуда, ба онҳо низ дастгоҳҳои дӯзандагӣ тақдим кард.

 

Вохӯриҳо дар фазои дӯстдории Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва садоқат ба хизматҳои барҷаста ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аксбардориҳои хотиравӣ ҷамъбаст карда шуданд.

27.11.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ