Рӯзи 28 октябри соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дафтари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ/МОМ) дар шаҳри Тошканд ташриф оварда, дар муаррифии СБМ оид ба масъалаҳои ҳаракати меҳнатӣ, танзими равандҳои муҳоҷират ва рушди малакаҳои касбии муҳоҷирон иштирок намуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ муовини вазир бо фаъолияти намояндагии СБМ дар Ӯзбекистон, инчунин бо дастовардҳои охирини Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти такмили идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ шинос гардид. Намояндагони ҷониби Ӯзбекистон ва СБМ таъкид намуданд, ки солҳои охир дар кишвар пешрафти назаррас дар самти васеъ намудани шабакаи марказҳои тайёрии пеш аз сафар барои муҳоҷирон, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳои муҳоҷират ба даст омадааст.
Яке аз самтҳои муҳими муаррифӣ механизмҳои рақамии муосири мониторинги муҳоҷират буданд, ки дар Ӯзбекистон ҷорӣ гардидаанд. Қисми калидии ин низом - феҳристи шаҳрвандони ихроҷшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба таври худкор амал мекунад. Ин феҳрист имкон медиҳад, ки шаҳрвандоне, ки дар муҳлати муқаррарии ихроҷ қарор доранд, аз кишвар хориҷ нашаванд, ки ин тадбир ба болоравии масъулият ва риояи қонунҳои муҳоҷират мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар доираи сиёсати миллии муҳоҷират дар Ӯзбекистон механизми бозгардонидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Ватан ҷорӣ гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди давлатии муҳоҷират маблағгузорӣ мешавад. Ин иқдом ба бозгашти инсондӯстона ва идорашавандаи шаҳрвандоне равона шудааст, ки дар хориҷи кишвар ба вазъиятҳои душвор дучор мегарданд, инчунин ба кумак дар барқарорсозии иҷтимоиву касбӣ пас аз бозгашт эҳтиёҷ доранд.