Ба диққати сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки санаи 13-уми майи соли 2026, дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” даври ниҳоии Фестивал – озмуни ҳунармандону косибон “Беҳтарин усто ва шогирд” баргузор мегардад. Маросими ҷамъбасти расмии чорабинӣ соати 11:00 шуруъ мешавад. Бо камоли эҳтиром ҳамаи меҳмонону сокинони пойтахт ва ҳаводорони ҳунарҳои миллӣ ва муосирро ба чорабинии мазкур даъват менамоем.