Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангие ба вуқуъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори миллат бо хатти зарин ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.
Тибқи Конститутсия, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, ба татбиқи ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи муҳимми таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, асоси воқеӣ гузошт. Конститутсияи Тоҷикистон чун ҳуҷҷати тақдирсоз тамоми паҳлўҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро фаро гирифта, дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд саҳми бориз гузошт.
Дар муҳокима ва қабули Конститутсия саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишманд буда, он роҳи рушду пешрафти давлати тоҷиконро барои садсолаҳо муайян кардааст. Ин аст, ки Конститутсия куллан тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик гардад ва тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар арсаи олам муаррифӣ созад. Хоссатан, Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст.
Воқеан ҳам, роҳи рушду тараққиёти ҳар давлату миллатро Конститутсияи он, ки халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст, муқаррар мекунад. Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд. Маҳз ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллат аз Конститутсия сарчашма гирифта, он ба таҳкими равандҳои неки ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Имрӯз инсони дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.
Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст».
Бояд гуфт, дар асоси ин санади таърихӣ нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд, ки пайваста дар такмили қонунгузории кишвар нақш мебозад. Аслан, тамоми дастоварду комёбиҳои ийтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гулшукуфти Тоҷикистони азиз ба номи Конститутсия вобаста мебошанд. Бинобар ин, моро мебояд, ки ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар равона шудааст, комилан риоя намоем.
Табиист, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст. Дар ин росто ҷараёни зиндагӣ нишон медиҳад, ки халқи тоҷик воқеан ҳам кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо намуда, дар талоши ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ва кишвар ба пирўзиҳои саодатёр ноил гардидааст.
Пеш аз ҳама, дар кишвар волоияти қонун, яъне озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо таъмин гардида, дар маҷмуъ ҷомеаи навини адолатпарвар барқарор карда шудааст. Дар ин самт вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию техникии ноилгардидаро ҳифз намоем ва қабл аз ҳама, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллиамонро боз ҳам баланд бардорем.
Бинобар ин, риояи асосии Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Ҳиммат ХОҶАЕВ,
сармутахассиси шуъбаи таълими методии
МД “Маркази такмили ихтисос
ва бозомузии низоми меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолӣ”-и ВММША ҶТ