img
ОМӮЗИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ РИОЯИ ТАЛАБОТИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 30.04.2020, №АП-1377 ДОИР БА САФАРҲОИ ХОРИҶӢ ВА ТАНЗИМИ САФАРҲОИ ХОРИҶИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

 

 

Санаи 27 уми феврали соли 2026 омӯзиши идоравӣ оид ба сафарҳои хориҷии хизматчиёни давлатӣ ба хориҷа бо иштироки муовини вазир Норзода Шараф, сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонон Шералӣ Саидамир, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ Шералӣ Ҷонон оид ба риояи ҳатмии талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, № АП-1377 «Дар бораи тартиби сафарҳои хориҷии хизматчиёни давлатӣ», меъёрҳои одоби дипломатӣ, масъулиятшиносӣ ва сатҳи баланди касбият маълумот дода, таъкид намуд, ки зимни сафарҳои хориҷӣ ҳар як хизматчии давлатӣ ҳамчун намояндаи расмии давлат вазифадор аст, обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз ва муаррифӣ намояд.

 

Зимни омӯзиши идоравӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокдорон аз масъалаҳои матраҳгардида барои таҳким ва такмили донишҳои касбию сиёсӣ, баланд бардоштани масъулияти хизмати худ баҳравар гардида, ки барои боло бурдани сатҳи маърифат ва малакаҳои кормандон мусоидат менамояд.

27.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ