img
НАҚШИ ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР НИЗОМИ МЕҲНАТ ВА МУҲОҶИРАТ

Дар шароити муосири рушди давлатдорӣ масъалаи таҳкими қонуният, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва муқовимати муассир ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо як мақомот нест, балки амали дастаҷамъонаи тамоми ҷомеа мебошад». Ин суханон моро водор месозанд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва касбиро дастури кори худ қарор диҳем.

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди марказии соҳа дар доираи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати шаффофият, дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ ва коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Яке аз самтҳои муҳим - ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ба хотири кам намудани робитаи мустақими шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо хизматчиёни давлатӣ мебошад.

 

Бо ин мақсад сомонаи расмии Вазорат www.mehnat.tj бо се забон фаъол буда, маълумоти зарурӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хабару гузоришҳо мунтазам интишор мегарданд. Ҳамзамон, сомонаҳои сохторҳои таркибӣ ва зерсохторҳои Вазорат низ фаъолият дошта, барои шаффофият ва дастрасии иттилоот заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Фаъол гардидани ЧАТ-БОТ-и расмии Вазорат ва роҳандозии хатҳои боварӣ, аз ҷумла «900-800-800», имконият медиҳанд, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт қабул ва баррасӣ карда шаванд.

 

Дар баробари ин, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва кормандони соҳа мавқеи хоса дорад. Дар сомонаҳои расмӣ ва нашрияи соҳавии «Шуғл ва муҳоҷират» мунтазам мақолаҳои таҳлилӣ доир ба моҳият ва паёмадҳои коррупсия, роҳҳои пешгирӣ ва таҳкими масъулияти хизматчиёни давлатӣ ба нашр мерасанд. Ин иқдомҳо ба ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки хизматчии давлатӣ бояд намунаи поквиҷдонӣ, адолат ва масъулиятшиносӣ бошад. Маҳз бо такя ба ин дастуру ҳидоятҳо, дар Вазорат қабули шаҳрвандон тибқи ҷадвали тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, ҳар як муроҷиат таҳти назорати қатъӣ қарор мегирад. Илова бар ин, мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, истифодаи почтаи расмии электронӣ ва низоми электронӣ барои ирсолу қабули супоришҳо ба баланд бардоштани самаранокӣ ва коҳиши омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд.

 

Муқовимат ба коррупсия на танҳо вазифаи сохторҳои назоратӣ, балки масъулияти ҳар як корманд ва шаҳрванди кишвар аст. Танҳо бо таҳкими қонуният, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолонаи ҷомеа метавонем фазои солими меҳнатӣ ва иҷтимоиро таъмин намоем. Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорат минбаъд низ ҷиҳати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими интизоми хизматӣ ва тарғиби арзишҳои адолатпарварона тадбирҳои муассир меандешад. Зеро, чуноне ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, рушди устувори давлат ва ҷомеа танҳо дар шароити волоияти қонун ва муборизаи беамон бо коррупсия имконпазир аст.

 

 

Холмадзода Фарзона,
мутахассиси пешбари Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

18.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ